Oila 5 years
ЧИЗПАРАСТ (қисми 3)
1446

 

Қисмҳои якум ва дуюмашро дар ин ҷо хонед.

-Медонӣ, ки дирӯз чӣ шуд?

-Чӣ шуд дугонаҷон?

-Писари боодобу боахлоқу некрафтору некгуфторам аз алами бефарзандӣ кам не, як шиша арақ нӯшида омад. Келинам аз ман руст карда, писарамро ба зӯр тела карда, ба хона бурд. Харобии писарамро намегӯйӣ? Ӯ аз ғаму дарди бефарзандӣ чӯб барин шудааст. Ба оғӯшам кашам шонаҳояш ба дастонам маълум мешаванд. Ҳа, гуфтагӣ барин, одамон ҳам он қадар навигарӣ мепурсанд, ки ... Қариб ҳар рӯз ҳамин саволи “ҳа, ягон навигарӣ ҳаст?”-ро мешунаваму дилам пора-пора мешавад. Ҷигарбандони ман чӣ гуна азият мекашида бошанд?

-Зиқ нашав Шоистаҷон. Беҳуда ғам хӯрданат мемонад. Як рӯз онҳо ҳам соҳиби фарзанд мешаванд.

-Эҳ, дугона, ту ҳоли писарамро медидӣ. Вақте оҳиста назди тирезаашон рафта хабар гирифтанӣ будам, писарам тамоми пулу тиллоҳои келинро гирифта, ба рӯйи хона пошида, ба онҳо лаънат мехонд, ки сарват дораду фарзанд не. Барои ҳамин мегӯям, ки бахт дар молу пулу сарват нест. Келини ту, ки даррав соҳиби ду писар шуд, ба назарат кӯдакдор шудан душвор наменамояд. Бечораи келини ман аз дору хӯрдану сузандорӯ гирифтан мисли дорухона шуд. Аммо, фарзанд надорад. Писарам мегӯяд, ки агар ҳамин дафъа ҳам кӯдакдор нашаванд, маҷбур аст аз ҳам ҷудо шаванд. Охир, 12 сол мешавад, ки онҳо бо умед роҳи фарзандро мепоянд. Ширинии ҳаёт дар фарзанд будааст. Худо ҳеҷ касро ба нохуни фарзанд зор накунад, - ҳиққосзанон инони худро аз даст дода гиря кард Шоиста.

Ороста ба дугонааш ҳамдардӣ мекарду мегуфт, ки ҳамеша дуо кунад ва аз даргоҳи бениёзи Парвардигор ноумед нашавад. Ҳамин замон ба гӯшии Ороста занг омад.

-Ҳа писарҷон, чӣ мегӯйӣ? Ман назди холаи Шоистат, - гуфт зан, аммо аз он тарафи гӯшӣ овози гиря шунида шуд.

-Модарҷон, зуд ба беморхонаи марказӣ биёед. Ардашер ва Бобак..., - писари Ороста давоми ҳарфашро гуфта натавониста, гиря кард.

Ороста телефонро ҳаво дода, пойи луч аз болои кат худро партофту ба Шоиста чизе нагуфта, рафт. Ӯ аз пушти дугонааш нигоҳ карда монд.

Ороста ба беморхона рафт. Фаҳмид, ки ҳарду наберааш - Ардашеру Бобак ҳангоми оббозӣ ба ҳавзи чойхона ғарқ шудаанд. Ардашер барои гирифтани Бобак ба ҳавз даромадаасту худ низ ғарқ шудааст. Вале...

Духтурон пас аз ёриву ташхис ба Ороста гуфтанд, ки пардаи гӯши Ардашер осеб дидаасту забони Бобак аз тарси сахт лакнат пайдо кардааст. Зан тамоми сарвату пулҳои барои рӯзи мабодо гирифта мондаашро ҷамъ карда, барои табобати онҳо сарф кард. Ҳарду ҳам пас аз чор соли духтурдавии Ороста пурра шифо ёфтанд. Ҳатто ӯ борҳо набераашро барои табобат ба хориҷа ҳам бурд. Дигар ба назараш на сарвату на либосу на давлат менамуд. Дар ин байн Шоиста ҳам соҳиби ду набера шуд. Онҳо яке се ва дигарӣ дусола шудаанд.

Пас аз пурра шифо ёфтани набераҳо Ороста ба назди дугонааш Шоиста омад. Онҳо боз бо ҳам айёми гузаштаро ёдоварӣ намуда, сӯҳбат мекарданд. Ин дафъа Ороста ба Шоиста нигариста гуфт:

-Шоистаҷон, ту ҳақ будаӣ, тани сиҳат ва хушбахтиро бо пулу молу сарват харида намешудааст. Ҳар боре, ки ту ин гапҳоро ба ман фаҳмониданӣ мешудӣ, ман аҳаммият намедодам. Вақте ки набераҳоям бемор шуданд, ҳамаи сарватамро фидои онҳо кардам. Ман дар роҳи хато будаам, дугона, зеро бахтро дар молу чиз медидам. Вале, бемор шудани набераҳоям чашми маро кушод. Ба тани сиҳат ҳеҷ чиз намерасидааст. Мана, имрӯз келинаму писарам хонаи маро қаср барин кардаанд. Лекин, аз беҳуда ғаму ташвиш хӯрдан асабҳоям тамом шуданд ва поям дардманд шуда монд.

-Хуб шуд, ки ту хатоятро фаҳмидӣ, Оростаҷон. Вале, имрӯз дар ҷамъият ҳоло ҳам хушдоманҳое ҳастанд, ки ба чизи келин чашм ало мекунанд. Чаро фалон чизро модарат наовард ё арзонашро кард гӯён, ба ҳолу ҷонашон намегузоранд. Магар, модари бечораи келин гавҳари чашмонашро бо ду дасти адаб, бо номи неку сари баланд ба як хонадон то охири умраш дод, ҳамин кифоя нест? Боз он модар ба духтараш мегӯяд, ки хизмати ҳамин хонадонро кун. О, барои калон карда, то ба ин дараҷа овардани кӯдаки кӯчак волидайни бечора чӣ қадар азобҳо мекашанд. О, мо, соҳибкелинҳо ҳам духтар дорем, - ку?! Барои он ки духтарамон дар хонаи бегона зиндагии хуб дошта бошад ва хушбахт гардад, бо келинҳо муомилаи нек карданамон лозим аст. Дунё мисоли бумеранг аст, ҳар чӣ кардӣ, бармегардад. Пас, некии зиёд кунем, то фақат бароямон некиҳоямон гардад! Ҳамин тавр не, дугона?!

Анҷоми қисса

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-21, 23:34
Чи саргузашти ибратангез кош модаршуйи хохари манхам рузе аклашро ба сар гираду хохари ятимкалоншудаи маро азоб надихад.хамеша кораш бадгуии келин хаст доимо ин ду чавонро бо хам чанг меандозад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-21, 23:34
Чи саргузашти ибратангез кош модаршуйи хохари манхам рузе аклашро ба сар гираду хохари ятимкалоншудаи маро азоб надихад.хамеша кораш бадгуии келин хаст доимо ин ду чавонро бо хам чанг меандозад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД