goodwell
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 4)
30.05.2026
Oila.tj
166

Муфаттишон ба хулосае омаданд, ки барои пайдо намудани ягон нишони таҳдид ба Гулноз сабти гуфтугӯи се моҳи охири телефони ӯро таҳқиқ бикунанд. Омӯзиш натиҷа дод. Рақами телефонеро дарёфт намуданд, ки аз он таҳдид дар ҳақиқат дида шуд. Ин, албатта, хуб буд, вале соҳиби телефон наметавонист қотил бошад. Зеро соҳиби телефон додари Гулноз буд.

Дар сабти гуфтугӯ омадааст:

- Салом, Гулноз!

- Салом! Телефони додари ман дар дасти ту чӣ кор мекунад?

- Ман онро дуздидам, ки бо ту суҳбат кунам.

- Миёни мову ту чизе буда наметавонад. Ман оиладор шуда истодаам. Ба бахти ман зомин нашав.

- Гулноз, фаромӯш накун. Ман як маротиба гуфта будам ва боз такрор мекунам: ту ё аз ман мешавӣ, ё аз хеҷ кас.

- Арӯси ту шудани ман тамоман номумкин аст. Падару модарам маро ба дигар кас фотиҳа карданд. Ман низ муқобили ин никоҳ нестам. Ҷавонро хуб мешиносам ва ӯ аз ту хеле беҳтару боақлтар аст.

- Ӯро рад кун, вагарна тӯятро ба мотам табдил медиҳам.

- Номаъқул кардӣ!

- Хайр, худат медонӣ. Ман гапамро гуфтам.

Бо ҳамин сухбат ба анҷом мерасад. Дар он суҳбат як маротиба номи Гулноз омада, аммо номи тарафи дигар умуман гирифта нашуда буд. Натиҷаи пурсиши соҳиби телефон, яъне бародари Гулноз нишон дод, ки ӯ ҳамон рӯз телефонашро дар варзишгоҳ гум карда, баъди як ҳафта рақамашро аз нав барқарор намудааст. Пас, ҳамсуҳбати Гулноз кӣ буд? Муайян кардани ин боз душвор шуд. Зеро ӯ бо кӣ вомехӯрд ва кӣ метавонист аз телефони ӯ истифода барад, маълум набуд.

Ҳарчанд натиҷаи суҳбат нишон медод, ки қотил на соҳиби телефон, балки шахси дигар аст, муфаттишон додари Гулнозро ба ШКД оварда, ба муҳлати се рӯз маҳкам карданд. Ӯро хеле азоб доданд, то куштори мазкурро ба гардан гирад ва ё ақаллан шарик буданашро дар он эътироф намояд. Чун натиҷаи пурсиши серӯза натиҷае надод, маҷбур шуданд, ки гумонбарро ҷавоб дода, аз пайи ҷустуҷӯи қотили ҳақиқӣ шаванд.

Муфаттишонро зарур омад, ки нахуст мутахассисеро даъват намуда, дар сабти гуфтугӯ овози ба ҳамин монандро пайдо кунанд. Танҳо ҳамин чиз метавонист ҷиноятро кушояд. Вале ин натиҷае надод, муфаттишон сабти гуфтугӯи се моҳи охири телефони Адҳамро омӯхтанд, то шояд аз ин ҷо чизеро пайдо кунанд. Аз он ҳам натиҷае ба даст наомад. Сабти телефони волидайни арӯсро бардоштанд. Бефоида.

Ба ҳар навъ, қотил маълум набуд, вале тахминҳо оид ба сабабҳои кушта шудан пайдо гаштанд. Духтар харидори дигаре ҳам дошт. Харидоре, ки бо ҳар роҳ мехост ӯро аз худ кунад. Аммо кӣ буд ва чаро, касе дар ин бора хабар надошт.

Рӯзе Адҳам аз падари Гулноз хоҳиш кард, ки ҳама дафтару китобҳои Гулнозро мавриди тафтиш қарор диҳанд. Шояд ягон мактуби таҳдидомез пеш аз тӯй ба ӯ омада бошад. Агар чунин аст, ёфтани қотил осонтар мешавад. Падари Гулноз розӣ шуд ва худи Адҳамро ҳам ба хона таклиф кард. Миёни дафтарҳо варақчаеро пайдо карданд, ки дар он навишта шуда буд: «Зиндагиям рангин буд бо ҳама интизориҳо дар роҳи ишқи ту, дар фазои беғубори ишқат чун кабӯтарони навбол дар парвоз будам. Гарчанде ту дигареро интихоб кардӣ, ҳанӯз ҳам дӯстат медорам ва туро интизорам.

Ошиқи дирӯза ва қотили ояндаи ту».

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД