Commerce bank may-june 2026
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 5)
31.05.2026
Oila.tj
337

Адҳам бо хондани ин номаи ошиқона, ки воқеан бо таҳдид ҷамъбаст мегашт, дар ҷояш шах шуд. Барои ӯ таҳлил ва таҳаммули навиштаҷоти дар нома инъикосёфта кори осон набуд. Зеро, аз он бармеомад, ки арӯси дӯстдоштаи Адҳам пеш аз ӯ бо дигаре ошно буда, шахси дигаре ӯро дӯст медоштааст. Агарчи мактуб ҳанӯз исбот карда наметавонист, ки Гулноз низ соҳиби онро дӯст медошт, «ошиқ ва қотил»-и Гулноз воқеан ӯро дӯст дошта, барои ба даст оварданаш хеле кӯшиш анҷом додааст.

Адҳам муддате бо сари хам ба мактуб нигарист ва ниҳоят аз ҷо бархосту ба худ гуфт:

- Дигар муҳим нест, ки Гулноз киро дӯст медошт ё кӣ Гулнозро, вале ёфтани қотил ҳатмист.

Ӯ мактубро бо худ гирифта, ба кӯча баромад ва онро дар дӯконе нусхабардорӣ намуда, нусхаи аслро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурд. Муфаттиш баъд аз хондани мактуб гуфт:

- Адҳам, ту бояд ба мо ҳаматарафа кумак кунӣ. Аз мактуб бармеояд, ки ҷавон воқеан аз рашку ҳасад месӯхт ва ба хотири ба даст овардани Гулноз ҳатто ба куштани ӯ тайёр буд. Ин нома далели он аст, ки ин ҷо муҳаббати яктарафа вуҷуд дорад. Вале дар ин нома ном ва имзое нест. Ту ҳозир ба хонаи падарарӯсат бармегардӣ ва аз ӯ барои тафтиш кардани тамоми ашёи хонаи хоби Гулноз иҷозат мепурсӣ. Ман нусхаи панҷаҳои дар мактуб бударо мегирам ва баъд аз як соат ба он ҷо ҳозир мешавам. Мо бояд ҳар як мактуб, туҳфа ва ё чизи дигареро, ки боиси шубҳа қарор мегирад, омӯзем. Гумон мекунам, ёфтани қотил наздик аст.

Аз хондани мактуб падари Гулноз аз Адҳам ҳам бештар ба таааҷҷуб афтод. «Шарманда шудем, шарманда шудем» гӯён, чӣ кор карданашро надониста, аз нав ба хонаи хоби Гулноз ворид шуда, дарро аз болояш маҳкам кард ва ба кофтукови ҷевон, борхалта ва ҳар чӣ ба дасташ меафтид, шуруъ намуд. Ӯ ҳатто ҳар як китоби дар хона бударо низ варақгардон карда, дохилашро мекофт. Дар ин кофтукоб чизҳоеро пайдо намуд, ки дигар ба ошиқи шайдо будани духтараш шакку шубҳае намонд. Ӯ даст ба сар зада, ба худ гуфт:

- Чаро ақаллан як маротиба напурсидам, ки ӯ шахсеро дӯст медорад ё не? Агар онҳо ба ҳам дил дода буданд, чаро касе ба хонаи мо хостгорӣ наомад?

Дар дафтари хотироти Гулноз чунин навиштаҷоте буд: «Мо ду ҳамрозем, ману танҳоӣ, мо ду ҳамсозeм, ману танҳоӣ, мо ду ҳамболинем, ману танҳоӣ ва ғамхори ҳамем, ману танҳоӣ. Дар миёни девори зиндагӣ танҳоям. На, на, хато кардам, ман танҳо наям. Ман ҳамдаму ҳамнафасе бо номи «ҒАМ» дорам. Магар бо ин гуна ҳамроз метавон танҳо монд?».

Баъди хондани ин сатрҳо дили падар ба духтараш сахт сӯхт ва гирён шуд:

- Бо вуҷуди табассумҳои ширин, чеҳраи дилкашу хандаҳои баланд, Гулнози ман хушбахт набуда ва чодари ғам тамоми вуҷуди ӯро барвақт печондааст. Ҳайфи чун ман падаре, ки инро дарк накардам.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД