Дар шаҳри Бӯстон соли 2026 барои таъмин ва бартараф намудани мушкилоти обтаъминкунӣ 4 насоси нави пуриқтидор харидорӣ ва дастрас гардидааст.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Бӯстон, барои босифат анҷом додани корҳои насбкунӣ дастгоҳи муосир харида шудааст.
Масъулини шаҳри Бӯстон нақша доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои анҷом додани корҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти муназзами насосҳо барои зиёд кардани фишори об дар шабакаҳо тадбир андешанд. Инчунин ҷойҳои фарсудаи қубурҳои обгузарро таъмир ва пешгирӣ аз талафоти обро бартараф намоянд.