35 years of independency
Дар чанд кӯчаи ноҳияи Сино барқ муваққатан қатъ мешавад
18.09.2026
Oila.tj
66

Имрӯз, 18-уми сентябр дар чанд кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

Ба иттилои масъулон, маҳдудияти барқ то соати 17:00 бинобар анҷоми корҳои таъмирию профилактикӣ дар таҷҳизоти барқии зеристгоҳҳо, тоза кардани шохаҳои дарахтон дар хатҳои ҳавоии 6/10 кВ ва иваз намудани хатҳои барқӣ ба амал меояд.

Қатъи қисман нерӯи барқ ба кӯчаҳои Ҷаббор Расулов, Маяковский, Абдуллобеков, С. Шерозӣ, Бунёдкорон ва Чортеппа дахл хоҳад дошт.

Масъулон таъкид мекунанд, ки вобаста ба ҳаҷм ва ҷараёни корҳои таъмирӣ, дар баъзе ҳолатҳо интиқоли нерӯи барқ метавонад пеш аз муҳлати муайяншуда барқарор карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД