Дар чеҳрааш нури Худо дорад
Дирӯз дар толори намоишии Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом-омӯзгори ҷавони донишкада Наврӯз Саидов таҳти унвони «Дар чеҳрааш нури Худо дорад» баргузор гардид.
Намоиши мазкур ба инъикоси симои Пешвои миллат, нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бахшида шуда, тавассути забони рангҳо ва тасвирҳои бадеӣ паҳлуҳои гуногуни таърихи давлатдории муосири Тоҷикистонро бозгӯ менамояд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷӯрахонзода Сироҷиддин Шамсулло, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ, муовини якуми сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, рассомони шинохта, кормандону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.
Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе баргузории чунин намоишгоҳро дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар самти арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва рушди фарҳангу санъати тасвирӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки санъати тасвирӣ яке аз воситаҳои муассири ифодаи андешаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихию ҷамъиятӣ ба шумор рафта, рассомон дар ташаккули ҷаҳонбинии маънавию эстетикии ҷомеа саҳми назаррас доранд.
Сипас, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷӯрахонзода Сироҷиддин Шамсулло доир ба аҳаммияти баргузории намоиш ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи санъат дар тарбияи мутахассисони соҳибистеъдод ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки дастгирии эҷодиёти ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии дастовардҳои онҳо ва ҷалби истеъдодҳои нав ба чорабиниҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани масъулияти эҷодӣ, такмили маҳорати касбӣ ва муаррифии имкониятҳои санъати тасвирии тоҷик заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо намоишгоҳ расман ифтитоҳ гашт. Асарҳои пешниҳодшуда имконият фароҳам меоранд, ки тамошобин ба ҷаҳони эҷодии рассом ворид гардида, муносибати ӯро ба арзишҳои миллӣ, симои таърихию сиёсӣ ва воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон дарк намояд.
Намоиши асарҳои Наврӯз Саидов таҳти унвони «Дар чеҳрааш нури Худо дорад» ҳамарӯза то 26 ноябри соли 2026 идома ёфта, вуруд ба намоишгоҳ ройгон аст.