Дар Душанбе Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мешавад
20.11.2025
Oila.tj
106

24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон (20-уми ноябр) ва Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи инсон (10-уми декабр) Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт» баргузор мешавад.

Форум таҳти ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон 20-уми ноябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД