35 years of independency
Дар Душанбе зимистони имсол 3300 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд
06.10.2026
Oila.tj
57

Дар шаҳри Душанбе барои мавсими гармидиҳии солҳои 2026-2027 пайваст намудани 3300 иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар додааст.

Тибқи маълумот, аз шумораи умумии иншооти пешбинишуда 1470-то дар ноҳияи Сино, 634-то дар ноҳияи Шоҳмансур, 628-то дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 568-то дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошанд.

Омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 27-уми апрели соли 2026 ба роҳ монда шуда, раванди иҷрои корҳои омодагӣ зери назорати мақомоти шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт қарор дорад.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе одатан баъд аз нимаи моҳи октябр оғоз шуда, то моҳи апрел идома меёбад. Барои муқоиса, дар мавсими гармидиҳии 2024-2025 интиқоли гармӣ ба манзилҳо аз 5-уми ноябр оғоз шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД