toyota motors
Дар Ёвон дар 3 моҳ 3 корхонаи нави саноатӣ кушода шудааст
86

Давоми се моҳи соли равон дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар додаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон ба 393 миллиону 649,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 105,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба хориҷи мамлакат 26 ҳазору 246 тонна семент ба маблағи умумии 16 миллиону 48,1 ҳазор сомонӣ содирот шудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 581 миллиону 175 ҳазору 600 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллиону 983 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 393 миллиону 649,7 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 151 миллиону 669,3 ҳазор сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 105,3 ва 107,6 фоизро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД