Дар Ёвон маркази нави инкишофи кӯдакон бунёд ёфт
Дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 мавриди истифода қарор гирифта, дар муассисаи мазкур маркази инкишофи кӯдак низ ифтитоҳ гардид.
Бинои нав бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва бартараф намудани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст сохта шуда, 200 хонандаро дар ду баст фаро мегирад. Бунёди муассисаи таълимӣ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Ба фаъолият оғоз намудани маркази инкишофи кӯдак бошад, имконият фароҳам меорад, ки кӯдакони синни томактабӣ ба машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб фаро гирифта шуда, қобилияту малакаҳои ибтидоии онҳо ташаккул дода шаванд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суханронии хеш иброз намудааст, ки рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.