Дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Исфара Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои БМТ, зимни ифтитоҳи фестивал муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва роҳбарияти шаҳри Исфара оид ба «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», аҳамият ва зарурати саводнокии молиявии аҳолӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди мамлакат сухан гуфтаанд. Зикр гардидааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи ин стратегия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайваста фестивалҳои саводнокии молиявӣ гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии омӯзишӣ, балки имкони мусоид барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ мебошанд.