Дар Истаравшан синфхонаи технологияи рақамӣ ба истифода дода шуд
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ синфхонаи нави технологияи рақамӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи синфхонаи нав намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорон, устоҳои таълимӣ, хонандагони Литсейи касбии техникӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои муосир баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиш ва азхуд намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъсис ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои муосир дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти муҳим дорад.
Синфхонаи нави технологияи рақамӣ бо компютерҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ ва омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар ин синфхона хонандагон метавонанд донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, малакаҳои кор бо технологияҳои рақамӣ, барномаҳои компютерӣ ва дигар воситаҳои муосири иттилоотиро такмил диҳанд.
Муҳимияти таъсиси чунин синфхонаҳо дар он аст, ки имрӯз технологияҳои рақамӣ ба яке аз бахшҳои ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд. Омӯзиши дурусти онҳо аз давраи таҳсил барои ҷавонон имконият фароҳам месозад, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаъолият намоянд.
Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан яке аз муассисаҳои маъруфи таълимию касбии шаҳр ба шумор рафта, дар омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун саҳми назаррас дорад. Дар ин боргоҳи илму ҳунар ҷавонон баробари гирифтани дониши назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва касбӣ низ аз худ менамоянд.
Фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ дар литсей имконият медиҳад, ки раванди таълим бо талаботи замони муосир ҳамоҳанг карда шуда, омӯзиши фанҳои соҳавӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад. Синфхонаи нави технологияи рақамӣ низ дар ҳамин замина таъсис ёфта, метавонад барои такмили дониши хонандагон заминаи мусоид фароҳам созад.
Дар маросими ифтитоҳ хонандагони литсей аз имкониятҳои синфхонаи нав истифода бурда, ба меҳмонон намунаҳои фаъолияти худро нишон доданд. Мутахассисон ва омӯзгорон низ таъкид карданд, ки истифодаи таҷҳизоти замонавӣ дар раванди таълим шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиш бештар намуда, барои рушди тафаккури эҷодӣ ва малакаҳои амалӣ мусоидат мекунад.
Абдуғаффор Шодиев