goodwell
Дар Кӯлоб оқибатҳои офати табииро бартараф месозанд
04.05.2026
Oila.tj
104

Имрӯз аз субҳи барвақт корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб оғоз гардида, айни ҳол дар маҳали ҳодиса идома дорад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муътадили зиндагии аҳолӣ 79 адад техникаҳои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла автомашинаҳои хизматии сӯхторнишонӣ ва дигар нақлиёти зарурӣ сафарбар гардида, ҳайати шахсӣ ба тоза намудани ҳавлӣ ва манзилҳои истиқоматии аз об зарардидаи шаҳрвандон ҷалб шудаанд. Дар баробари ин, кормандон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор корҳои поксозии ҷӯйборҳо, заҳбурҳо ва роҳҳои обгузарро ба роҳ монда, барои бартараф намудани монеаҳои сунъии ҷараёни об тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд.

- Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш, тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаҳои осебдида таҳти назорати доимӣ қарор дошта, кормандони милитсия дар паҳлуи аҳолӣ фаъолият доранд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД