formula
Дар моҳи Рамазон рӯзадор бимирӣ, ба Ҷаннат меравӣ?
539

Мегӯянд, шахсе, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо даҳони рӯзадор вафот мекунад, рост ба ҷаннат меравад. Оё ин дуруст аст?
Фотима, шаҳри Душанбе.

Посухи домулло ҷамолиддин Хомӯшӣ
Албатта риштаи маргу зиндагии инсон дар дасти Офаридгор аст ва ҳеҷ кас намедонад, ки фариштаи марг ӯро кай ва дар куҷо гиребонгир хоҳад гашт, вале бузургворе гуфтааст:  

«Парвардигоро маро марг диҳӣ, қабул дорам, агар зиндагонӣ диҳӣ, онро низ қабул дорам. Марг диҳӣ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи рамазонам деҳ.»

Марге, ки бо имон бошад, хуб аст, вале беимон бошад. Худованд ба ҳама бандагонаш марги боимон диҳад.

Аллоҳ онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД