Мутахассисон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии пиршавии пӯст таъсири радикалҳои озод мебошад. Ин моддаҳо дар организм, аз ҷумла зери таъсири нурҳои офтоб ҳосил мешаванд ва ба ҳуҷайраҳои пӯст зарар мерасонанд. Барои мубориза бо онҳо организм ба антиоксидантҳо ниёз дорад.
Витамини Е, ки дар равғани растанӣ, чормағз ва тухмиҳо мавҷуд аст, витамини С аз меваҳои ситрусӣ ва карами турш, инчунин витамини А аз сабзавоту меваҳои сурху норанҷӣ пӯстро аз таъсири зараровар муҳофизат мекунанд.
Бо вуҷуди ин, танҳо истеъмоли маҳсулоти фоиданок кофӣ нест. Барои мисол, витамини С дар якҷоягӣ бо оҳан хуб ҷаббида намешавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст карами турш ва себро дар вақтҳои гуногун истеъмол намоед. Барои азхудкунии витамини А бошад, организму ба равғанҳо ниёз дорад, бинобар ин ба хӯришҳо ҳатман каме равғани растанӣ илова кунед.
Тобистон вақти муносиб барои парҳези шадид нест. Агар хоҳед, ки пӯстатон ранги зебо гирад, аз маҳсулоти гӯштӣ пурра даст накашед. Гӯшт ба пайдо шудани ранги табиии пӯст мусоидат мекунад.
Нигоҳубини пӯст дар ҳавои гарм
Дар рӯзҳои гарм пӯст бе ин ҳам аз таъсири офтоб ва муҳити атроф ранҷ мебарад. Аз ин рӯ, истифодаи воситаҳои шадиди поккунанда, собунҳои ишқдордошта ва мушкобҳои дорои спирт тавсия дода намешавад. Барои тоза кардани пӯст беҳтараш аз маҳлулҳои косметикӣ истифода бурд.
Ҳангоми шустани рӯй аз оби гарм истифода кунед. Оби хеле гарм пӯстро хушк месозад, оби хеле хунук бошад, метавонад боиси пайдо шудани рагчаҳои намоён дар рӯй гардад.
Дар тобистон истифодаи кремҳои муҳофизатӣ аз офтоб бо нишондиҳандаи на камтар аз SPF 15 хеле муҳим аст. Илова бар ин, пӯст ба намнокӣ эҳтиёҷи бештар дорад. Агар пӯст хушк ва кашишёфта ба назар расад, пеш аз истифодаи креми шабона рӯятонро бо оби минералӣ тар намоед.