Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид
09.12.2025
Oila.tj
106

Чорводорӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанисозии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши муҳим мебозад.

Ин нукта зимни баргузории Фестивал-намоиши чорвои зотӣ дар бозори чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садо дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, мутахассисони соҳа ва чораводорон иштирок намудаанд.

Қайд карда шуд, ки дар фестивал аз ҷониби хоҷагиҳои чорвопарвар ва шахсони алоҳида беҳтарин навъҳои чорво ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд.

Дар қисмати ҷамъбастии фестивал барои саҳми арзанда дар рушди чорводорӣ як қатор чорводорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД