Дар ноҳияи Рӯдакӣ як ронандаи таксиро ҳамроҳи мошинаш сел бурдааст.
Тавре Сангимад Камолзода, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ин ҳодисаи нохуш рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, тахминан соатҳои 15:30 дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рӯй дода, як марди 31-соларо, ки ба кирокашӣ машғул будааст, ҳамроҳи мошинаш сел бурдааст. Гуфта мешавад, ки мошинро 100 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд, вале ҷасади ронандаро пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста шоми 21-уми июн аз ҳудуди деҳаи Чангоби ҷамоти деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ёфта, ба наздиконаш супурдаанд. Маросими ҷаноза имрӯз баргузор гашта, ҷасади ин ронандаи нокомро ба хок супурдаанд.
Гуфта мешавад, ки марҳум Олим Чақолов се моҳ қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, ба хотири пеш бурдани зиндагии хонаводааш бо мошинаш кирокашӣ мекардааст. Аз Олими 31-сола 3 фарзанд ятим мондаанд.