Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интизор меравад, ки рӯзҳои 14-16-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир гардад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории Форум муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобили судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.