Arzon march 2024
Дар Рамазон ба тифли ширхора чиҳо додан мумкин аст?
1041

Заноне, ки тифли ширхора дошта бошанд ҳам, рӯза медоранд, хеле зиёданд. Ба хотири кӯмак ба чунин модарон мо дар бораи чи тавр сер кардани шиками кӯдак дар рамазон маълумот медиҳем.

Ба тифлакон ғизоҳои иловагӣ диҳед

Кӯдаки шумо аз шашмоҳа боло ва дар баробари шири модар шири сунъӣ мехӯрда бошад, метавонед дар давраи рамазон ба тифлакон ғизоҳои иловагӣ диҳед. Реҷаи хӯроки кӯдакро ин тавр сохтан мумкин аст

Соатҳои 6-7

Соати 6-7-и субҳ кӯдакро ҳатман шири сина диҳед, зеро дар ин вақт пистони модар пур аз шир аст.

Соати 9

Соати 9 метавонед ба фарзандатон шавла (каша) диҳед.

Соати 12

Соати 12 боз кӯдакро сина маконед, зеро дар ин вақт тифлаконро хумори шири модар гирифта, ғаш кардани кӯдак мумкин аст.

Соатҳои 14-15  

Соатҳои 14-15 метавонед ба кӯдак пюреи картокагии тунук ё ягон пюреи дигари сабзавотӣ диҳед.

Соатҳои 17-18 

Соатҳои 17-18 кӯдакро боз макконед. Ҳарчанд шир дар ин вақт дар синаи модар кам бошад ҳам, хумори кӯдак мешиканад. Барои он ки шиками тифлак сер шавад, метавонед як дона себро аз тарбтарошак гузаронида, афшурдаашро ба фарзандатон диҳед.

Пас аз намози шом

Пас аз намози шом ҳар қадаре, ки метавонед ба фарзандатон шири худро диҳед, зеро синамаконӣ асаби кӯдакро ором ва иммунитети фарзанди шуморо пурқувват месозад.

Рӯза нагиред, агар...

Агар эҳсос намоед, ки рӯзадориатон ба саломатии фарзандатон ё худи шумо зарар расонида истодааст, рӯза нагиред. Дини ислом ба занҳои ҳомиладор ва тифли ширмак дошта иҷозати хӯрдани рӯзаро додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД