Дар шаҳри Ҳисор 8 корхонаи нав ба фаъолият шуруъ намуд
04.02.2026
Оила
34

Дар шаҳри Ҳисор 8 корхонаи нав

ба фаъолият шуруъ намуд

Дар шаҳри Ҳисор 8 корхонаи нав ифтитоҳ ёфта, барои сокинони маҳаллӣ 57 ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд. Айни замон дар шаҳри Ҳисор 120 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ба хабарнигорон иттилоъ дода гуфт:

“Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ҳисор ба 362,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 18,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гаштааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 5,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёди 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аллакай 1383 иншоотро мавриди истифода қарор додаанд, ки 76,5 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад. Дар иншоотҳои боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД