Дар маркази тиҷоратии “ЕXPOBEL”-и шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи “Умари Хайём” кушода шуд.
Дар маросими кушодашавии ин тарабхона сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд. Дар рафти чорабинии мазкур меҳмонон бо таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла оши палов, қурутоб ва дигар намудҳои хӯрокҳои миллӣ ошно гардида, ҳамзамон аз унсурҳои мусиқӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва расму оинҳои миллӣ баҳра бурданд.
Тарабхонаи “Умари Хайём” бо фароҳам овардани муҳити хоси миллӣ ва хизматрасонии муосир метавонад ба яке аз маконҳои ҷолибу диданӣ барои дӯстдорони фарҳанг ва таомҳои шарқӣ дар шаҳри Минск табдил ёбад.