“Духтарамро ба шавҳар додаму миёнам шикаст”. Чунин аст сарлавҳаи “Назарпурсӣ” ва саволе, ки аз ҷониби хонандаи ҳафтанома ба идора ирсол гардидааст.
Мутаассифона, мавзӯи мазкур доғи рӯз буда, хароҷоте, ки волидон барои ба шавҳар додани духтарони худ мекунанд, маблағи зиёдро талаб мекунад. Ба саволи хонанда дар мавриди он ки дигар волидон хароҷоти арӯсии фарзанди худро чӣ гуна анҷом медиҳанд, нуқтаи назари чанд нафарро мутолиа намоед.
“Зане, ки мушкили садҳо сокини деҳаро ҳал мекунад”. Чунин унвон дорад маводе, ки оид ба зиндагинома ва фаъолияти қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” Хонум Насимоваи 77-сола дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Имтиҳони қисмат” аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки ба хиёнати шавҳар дучор мегардаду азбаски сағера асту ҷои рафтан надорад, зиндагиро ба танҳоӣ сар мекунад. Дар ҳамин лаҳзаҳо модаркалони шавҳараш ягона розгӯву розшунаваш мегардад. Баъди чанде шавҳараш бо зани наваш ба садама дучор шуда мефавтанд, вале тифлакашон зинда мемонад... Анҷоми қисса хеле ҷолиб буда, то кадом андоза қалби бузург доштани қаҳрамони он хонандаро ба тааҷуб меорад.
“Модар хуб аст ё моиндар” сарнавишти ҷавоне аст, ки модараш ӯро дар пушти дари хонаи зани якуми падараш бурда мепартояд. Азбаски писарак умре муҳаббату ғамхориро надида буду дар сояи меҳри моиндар ба воя мерасад, ӯро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад. Модари пушаймоншудааш рӯзе пушти дараш меояд, вале муҳаббати гумкардаи фарзандро дигар баргардонида наметавонад.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогер ва донандаи забони англисӣ Суҳроб Ниёзов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Чаро дар рӯдаҳои кӯдак кирм пайдо мешавад?” ва “Педикюр дар хона” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намозро, ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳи сентябр омода гардидааст, дастрас карда метавонед.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Изҳори муҳаббат кардан дар хоб ” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз пулпурсии бародару хоҳаронам қимоб шудам”, “Пул дода, маро ба Варзоб бурду...”, “Ба зану фарзандонам зор шудам” дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!