shoh palace
ДАР “СОЛИ НАВ” ҲАМ ҶАНҶОЛ-А, ЗАНАК?
1035

Имсола кризис ба фикрам нисф зиёди зану шавҳарҳоро мушу гурба карду монд. Аз назди кадом даре, ки нагузарӣ, овози шӯру мағал ҷарангос мезанад. Хосатан вақтҳои охир, ки Соли нав мехоҳад мардуми дар ғами буҳрон хасташударо шод гардонад. Ҷанҷоли солинавие, ки гӯшам аз он бод бурд, ғурбати идонаи ҳамсояи девордармиёнамон Хурсандой бо шавҳараш Равшанбой буд:
-Дар соли нав ҳама шодию хурсандӣ кунаду ман гадои чашм ба дасти мардум медӯхтагӣ барин, аз тиреза кӯчаро тамошо карда шинам?!--Аз каллаи саҳар табъи мардашро хира карда мегуфт апаи Хурсандой.
-Кӣ дасту пои туро дошта шиштаст, ки берун набаро?-ба ҳамон оҳанге, ки занаш гила карда буд, ғурунгид Равшанбой.
-Ҳум-м-м-. Ҳама аз кисааш ҷарақ-ҷарақ пулро бароварда ину он харид кунад, ман кӯдакони дастнигар барин тамошо мекунам-мӣ?-Як тоб эркагӣ карда, ҷавоб дод занак.
Марди хона пай бурд, ки занаш пул пурсиданӣ, аммо азбаски кисааш ба қавли худаш холӣ не, балки шикоф буд, маҷбур шуд худро ба нодонӣ занад:
-Эй занак, ҳеҷ натонистам туро фаҳмам. Доимо ягон иду айём, ки наздик шуд, ранги дардмандон дардат авҷ мегирад-а?!. Гапи мегуфтаатро ба ҷуз худат, бовар кун, ягон каси дигар фаҳмида наметавонад. 8-сол боз якҷо зиндагӣ мекунему ҳеҷ забони туро фаҳмида натавонистам...
-8-сол не, 80-сол зиндагӣ кунем ҳам, шумо худатонро ба нодонӣ задан мегиред,-кӯтоҳак, аммо мисли одами бо микрофон гап мезадагӣ ҷарангдор карда ҷавоб дод Хурсандой.
Ягон иду айём надидаам, ки дар кисаатон монанди дигар мардҳо пул-мул дошта бошед, гӯё пул аз санг бошаду ба шумо вазнинӣ меоварда бошад, ҳар ду кисаатон якумр шуста мондагӣ, оина барин топ-тоза.
-Занак, кисаам хоп-холӣ, аммо топ-тоза не! Гоҳо ҷомашӯйӣ мекунӣ, баъди хушк шудани либосҳо мебинам, ки ҳар чизе, ки дар ҷайб буд, обшуставу ғижим шудаасту халос. Ҳар бор, ки чунин мекунӣ, ба худ мегӯям, ки хайрият ба ҷои ин хату қоғазҳо дар кисаам пул надоштаам, вагарна....
-Медонам, ки пул нест, барои ҳамин киса-писа накофта, топ лисобро ба тағораи об андохтан мегирам,-боз ба бепулии мардакаш ишора карда гуфт Хурсандой
Равшанбой дид, ки дигар “нодонияш” ба кор намеояд, сулҳҷӯёна гуфт: -Занакҷон, то соли нав ҳоло қариб як ҳафтаи дигар ҳаст, худат медонӣ-ку, имсол зардолу, олу ва гелосе, ки аз пушти он рӯз мегузарондем, жола бераҳмона ҳамаро зад. Кош ба ҷои боғи зардолу, олу ва гелос дарахтони шафтолу себ ва нок медоштем, ин қадар зарар намедидем...
-Ҳар сол баҳонаи шумо тайёр: ҳосил нағз нашуд, дар Русия корам барор нагирифт, кризис омадаст, барои ҳамин аз моҳонаамон нигоҳ доштанд, охир то кай чунин зиндагӣ мекунем а?-Ба миёни сухани шавҳараш лагад зад зан,-ана духтарчаамон мактабхон шуд, пагоҳ-фардо мебинӣ, ки мактабро хатм кардааст.
-Занак, тоқат кун, то он вақта Худо подшоҳ. 5-сол боз дипломамро муш назанад гуфта эҳтиёт карда гаштиям. Аз оғози соли нав ранги солҳои пешин дар ба дари мақомот коркобӣ мекунам. Дипломам кабуд мебуд, дар ягон донишгоҳ ғоибона мехондам, гапи дигар буд, о ман донишгоҳро рӯзона ва бо дипломи аъло хатм кардаам. Ҳар сол ба идорот мераваму ваъда гирифта меоям, ки 4-5 моҳ пас як бори дигар биёед, масъалаи шуморо дида мебароем... Аз як тараф дипломдорию бекорӣ, аз тарафи дигар ноомади кор дар муҳоҷират, бар замми ин ҳама сарсонӣ дар деҳқонӣ. Худат гӯй, дигар чӣ кор кунам? Сарамро ба кадом дару девор занам, занак?
Зан ҳам дид, ки айб дар ҳамсараш несту беҳуда “ба захми мардаш намак пошида истодааст” дилсӯзона гуфт:
-Мебахшед мардак, ман андеша накарда ин гапҳоро гуфтам. Медонам, ки имсол бадтар аз дигар солҳост. Ҳазорон ҳазор ҳамватанонамон мо барин саргаранг шуда дар хонаҳояшон шиштагистанд, ки соли навро бо кадом пул гузаронанд. Аз як тараф бачаҳо ҳар рӯз арча харед, туҳфа харед гуфта ҷони касро ба лабаш меоранд, аз ҷониби дигар ғами дар пеши меҳмонҳои рӯзи соли нав “ассалому алайкум” гуфта аз дар медаромадагӣ чӣ мемонем, сари касро гиҷ мекунад-дия, мардакҷон!

-Ин гапҳоро мону хез, сандуқатро як бор нағзакак такорӯ карда бин, ягон қанду қурси аз тӯю маърака ва худоиҳои мардум овардаат бошад, ба халтачаҳо андохта тайёр карда мон, шаби соли нав бачаҳоро алда карданамон лозим, очеш,-Аз фурсат истифода бурда, роҳи ҳалли мушкили туҳфа барои фарзандонашро дарҳол ёфт Шодибой...
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД