Arzon march 2024
Дар Тоҷикистон 76 ҳазор оилаҳои нав барпо шуданд
1320

Бунёди оила ва арӯсию домодӣ беҳтарину ширинтарин рӯз дар ҳаёти ҳар як инсон аст. Хушбахтона дар соли 2023 дар Тоҷикистон 76 000 оилаҳои нав бунёд ёфта, ақди никоҳашон расман дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус Ашӯриён Музаффар, вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра 10 298 ҳазор оила вайрон шуда, ақди никоҳашон расман бекор карда шудааст. Ҳарчанд вайроншавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз коҳиш ёфта бошад ҳам, таассуфовар аст, ки бар асари пош хӯрдани оила зиёда аз 10 ҳазор кӯдакони ноболиғ дар тарбияи яке аз волидон монданд.

Айни замон дар 19 шаҳру ноҳияи кишварамон аз ҷумла дар Варзоб, Лахш, Роғун ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 47 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла мусоили оилавӣ ба корафтодагон ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД