Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кишвар аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, маҷмааи муосири истеҳсоли шиша дар доираи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат - санотикунонии мамлакат бо сармоягузории 120 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе сохта мешавад.
Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ беш аз 450 ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд. Татбиқи ин тарҳ ба рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.