Arzon march 2024
ДАР ЯК МОҲ ҲАМ БОБО ШУДУ ҲАМ ПАДАР
1549

 

Михаил Ширвиндт, собиқ ҳунарманди театр ва ровии барномаҳои телевизиони Русия дар синни 61-солагӣ бори севум падар шуд. Ҳамсари ҷавони ӯ барояш писарча ҳадя кардааст.

Ин хушхабарро падари 85-солаи ҳунарманд Александр Ширвиндт, ки ӯ ҳам ҳунарманди театру синамост, ба рӯзноманигорон расонидааст. Ҳамчунин, ҳунарманд иттилоъ додааст, ки наберааш Александра низ дугоник таваллуд карда, сафи абераҳояш афзудааст. “Ман карантинро дар бӯстонсароям сипарӣ мекунам. Ин ҷо амнтар аст. Набераам Саша (Александра) ҳамроҳи дугоникҳояш ба назди ман омад. Аз масофаи 3 метр ба кӯдакон нигоҳ кардам. Якеаш боқувват, дигараш каме лоғару камҷон ба назар мерасанд. Ба онҳо Семен ва Матвей ном гузоштем”,-гуфтааст, Александр Ширвиндт. Михаил ҳамроҳи зани ҷавонаш дар бемористон қарор доранд ва то ҳол ба хона мураххас нашудаанд. Михаил Ширвиндт аз издивоҷи нахустинаш як писар Алексей (1981) ва се набера Анастасия (2002), Элла (2011) ва Ирина (2018) дорад. Аз ҳамсари дувумаш Татяна Морозова як духтар Александра (1986) ва ду набера Семен ва Матвей дорад, ки дугоникҳо аввали моҳи май таваллуд шуда буданд. Моҳи июни соли гузашта Михаил дар мавриди аз Татяна ҷудо шудан ба суд ариза дод ва онҳо баъди 30 соли ҳамзистӣ ҷудо шуданд. Зимистони ҳамон сол бо рӯзноманигори 27-сола Анастасия Пономарёва, ки муносибатҳои ошиқонаашон чанд моҳ қабл шурӯъ шуда буд, оила барпо кард. Охири моҳи май ҳамсари ҷавонаш ба Михаил фарзанди сеюмро таваллуд кард, ки номаш ба мо маълум нест. Ҳамин тавр, Михаил Ширвиндт дар умум 3 фарзанд ва 5 набера ва падараш Александ Ширвиндт бошад, 1 писар, 3 набера ва 5 абера дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД