Commerce bank may-june 2026
Даври дуюми озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз ёфт
80

Аз имрӯз, 22-юми июн дар кишварамон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз ёфт.

Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Аминзода зимни суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт то 30-юми июн идома ёфта, дар он 2677 нафар довталабон ширкат меварзанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 320, Суғд - 632, Хатлон - 896, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 421 ва дар шаҳри Душанбе 408 нафар довталабон дар озмун ширкат меварзанд. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД