goodwell
Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт
57

Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт

Имрӯз, 12-уми ноябр, даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин давр 562 довталаб иштирок мекунанд, ки 445 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Маросими оғози озмун соати 09:00 баргузор шуд.

Имсол дар даври якуми озмун 368 ҳазору 291 нафар иштирок кардаанд. Аз ин шумора 311 ҳазору 501 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 41 ҳазору 209 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 15 ҳазору 581 нафар омӯзгорон, аспирантон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Шумораи иштирокчиёни даври якуми озмун нисбат ба соли 2025-ум 16 ҳазору 249 нафар зиёд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД