arzon replenishment
Депутат ректори Донишгоҳи технологӣ таъин шуд
437

 

Имрӯз бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ ба ҷойи Илҳом Амонзода омад, ки рӯзи 1-уми март аз вазифа озод шуда буд, вале мақоми наваш то ҳанӯз маълум нест.

Зоир Раҳмонзода вакили Маҷлиси намояндагон буда, 8-уми январи соли 1981 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро хатм намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ аст. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро дар соли 2013 соҳиб шудааст.

Ӯ дар гузашта директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буда, 1-уми марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

Ӯ бо сафарҳои расмӣ дар симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Русия, Туркия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Давлатҳои Араб ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД