Commerce bank may-june 2026
Дороии Илон Маск ба 1 триллион доллар расид
12.06.2026
Oila.tj
274

- Илон Маск аввалин шахс дар таърих гардид, ки дороии ӯ ба 1 триллион доллар расидааст,- хабар медиҳад Reuters.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, афзоиши босуръати сармояи ӯ ба баромадани ширкати SpaceX ба биржа вобаста аст. Дар ҷараёни пешниҳоди аввалияи саҳмияҳо ширкат 75 миллиард доллар ҷалб кардааст, ки ин рекорди таърихи бозори саҳомӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин, тавре The Washington Post қайд мекунад, сухан дар бораи дороии ба истилоҳ «коғазӣ» меравад. Ба ҳисоб саҳмияҳо ва опсионҳое дохил шудаанд, ки Маск метавонад дар оянда ҳангоми иҷро шудани як қатор шартҳои марбут ба рушди лоиҳаҳои кайҳонӣ ба даст орад. Аз ҷумлаи ин шартҳо таъсиси марказҳои додаҳои компютерӣ дар фазо ва бунёди аввалин маҳаллаи доимии зисти одамон дар сайёраи Mars мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД