goodwell
Ду соли пуршараф
101

Ду соли пуршараф

Хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагӣ буда, барои ҳар як ҷавон мояи ифтихору шараф ва нишонаи садоқату муҳаббат ба Ватан мебошад. Зеро ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа қарзи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст ба шумор меравад. Маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ кас обутоб ёфта, ҷасорату матонат, интизому масъулиятшиносиро меомӯзад.

Аҳмадҷон Солиев аз ҷумлаи ҷавононест, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ моҳи октябри соли 2024 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ӯ дар Қӯшунҳои сарҳадии қисми ҳарбии 0214-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров адои хизмат намуд.

Албатта, хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги мардонагӣ ва давраи муҳими ташаккули шахсият ба шумор меравад. Аҳмадҷон тӯли ду соли хизмат аз ин мактаби бузурги зиндагӣ гузашта, бо иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ қарзи фарзандии худро назди Модар-Ватан сарбаландона иҷро кард.

Аҳмадҷон Солиев бар он назар аст, ки ҳар ҷавон бояд Ватанро дӯст дорад, ба қадри истиқлолу озодӣ расад ва барои ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳамеша омода бошад.

"Хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандист! Ҳар як ҷавон бояд шарафмандона қарзи фарзандии худро адо намояд. Ман аз он ифтихор дорам, ки ду соли умри худро ба хизмати Модар-Ватан бахшида, аз мактаби ҷавонмардӣ гузаштаам. Ин давра бароям ҷасорату матонат ва дарси бузурги зиндагӣ дод", — таъкид менамояд Аҳмадҷон.

Аҳмадҷон Солиев дар давраи хизмат рутбаи сержантиро соҳиб гардид, ки ин барои ӯ мояи ифтихор ва нишонаи масъулиятшиносиву садоқат ба вазифаи ҳарбӣ мебошад. Зеро рутбаи сержантӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ интизоми намунавӣ, ҳисси баланди масъулият ва муносибати ҷиддиро ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ тақозо менамояд.

Аҳмадҷон Солиев, пас аз ду соли пурифтихор бо як ҷаҳон таассурот ва андӯхтани донишу малакаву таҷриба, бо ифтихору сарбаландӣ 20 октябри соли 2026 хизмати ҳарбиро ба анҷом расонида, бо сари баланд ба оғӯши аҳли оила баргашт.

Алҳол Аҳмадҷон ният дорад таҳсили худро дар яке аз риштаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома дода, дар оянда фаъолияти меҳнатиашро дар сохторҳои давлатӣ ба роҳ монад ва дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД