sebiston july new
ДУХТАРИ МУАЛЛИМ
2563

 

Ман дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам, падарамро дар ноҳия ҳамчун марди кордону омӯзгори маъруф мешинохтанд, модарам зани порсою худотарс, ману ду бародарамро дар ҳамин роҳ тарбия намуда буд.

Зиндагиямон орому осуда ҷараён дошт, бародари калониям ғоибона дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонду ҳамроҳи падарам дар мактаби калонтарини ноҳия муаллимӣ мекард.

Бародари дуюмам дар донишгоҳи тиббии Маскав таҳсил мекард, ман хатмкунандаи мактаб будаму барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ тайёрӣ медидем, вале аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба рӯйи орзуҳои ман хати батлон кашиду ба боғи сабзи орзуҳоям оташ зад.

Бо касофти ҷанг хонаамон ба мусибатхона мубаддал гашт. Ҳарчанд падару бародари ман ба касе кор надоштанд, вале силоҳбадастон як шаб омада, бародарамро аз хона бурданду ӯ бо ҳамин бедарак гашт.

Пас аз як моҳи ин воқеа ҷасади варамидаи ӯро амакаму падарам ёфта оварданду мо бародари нозанини аз сад гул як гулаш нашукуфтаамро ба хок супоридем. Бародари калониямро дар ҷанги шаҳрвандӣ куштанду бародари дуюмам, ки дар Маскав дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард, аз тарси ҷонаш ба Ватан барнагашт….

                             Домоди худӣ          

Ман бо падару модари пиру ғамзадаам дар хона танҳо мондам. Оҳиста-оҳиста оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гашту дар маркази ноҳия наздикии хонаамон курси муҳосибӣ кушода шуд, падарам маслиҳат дод, ки ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамин курс супорида, аққалан як сертификат гирам.

Курси шашмоҳаро хатм карда, бо ёрии писарони амакам, ки баъди сари бародарам парастори мо буд, ба бонки ноҳия ба кор даромадам.

Маош кам бошад ҳам, ҳукумати навтаъсису ёриҳои башардӯстона ба мо кумак мекарданд, таъриф намекунам, аммо духтари ниҳоят зебо будаму харидоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд. Падарам аз дори дунё як бародар доштанду вақте ӯ маро барои писари шашумаш хостгорӣ намуд, бо ҷону дил розӣ шуданд.

Амаку падарам маслиҳат карданд, ки писари амакам хонадомод мешавад. Падарам “худӣ кушад ҳам, дар офтоб намепартояд” гуфта, писари амакамро чун фарзанди худаш қабул кард.

Писари амакам, тӯйи бошукӯҳе ороста, бо ман хонадор шуд. Хусуру хушдоманам аз ман розӣ буданду ба чеҳраи ғамгини модару падарам низ мавҷи ханда дамид, худам низ шавҳари паҳлавону зебоямро дӯст медоштаму ӯ низ атрофам парвона буд, вале…

                             Ғами фарзанд    

Байни зану мард чӣ қадар ҳурмату эҳтироме, ки набошаду мисли Лайлию Маҷнун ба ҳам ишқ дошта бошанд ҳам, набудани фарзанд ин ҳамаро барбод медиҳад. Ин мусибат ба ман ошност, шояд хешу таборӣ сабабгор буд, ки фарзандони мо маъюб ба дунё омада, баъди ду-се моҳа шуданашон мефавтиданд.

Хусуру хушдоманам маро дӯст медоштанду барои табобатам кӯшиши зиёд карданд. Вақте диданд, ки намешавад, ба шавҳарам маслиҳат доданд то ягон фарзанди бародаронашро гирифта, тарбия кунад.

 

Шавҳарам ҳам розӣ шуд, вале хусуру хушдоманам дар як садамаи нақлиётӣ ба таври фоҷиабор ба ҳалокат расиданду оҳиста-оҳиста хулқу атвори ҳамсарам дигар шудан гирифт.

 

Ӯ аз рӯйи тағоҳояш соҳиби вазифа шуду ба бефарзандиямон нигоҳ накарда, хонаҳоямонро афтонида, дар ҷойи онҳо қаср бунёд кард ва баъди бунёди қасру кушк розигии маро гирифта, аз болоям зани дуюм гирифт.

Ман аввал бо гиряву зорӣ аз ӯ хоҳиш кардам, ки ин корро накунаду ягон фарзанди пайвандонамро гирифта калон кунем, ду авсунам тайёр буданд, ки духтару писари худро барои фарзандхондӣ ба мо диҳанд, вале шавҳарам бо қатъият гуфт:

  • Ман мехоҳам, ки фарзандам аз камари худам бошад, ман пеши зани ояндаам шарт мегузорам, ки пеш аз ман ту ва амаку янгаамро ҳурмат кунад. Фарзандони ман фарзандони ту хоҳанд шуд,- ман ҷуз ризо шудан дигар илоҷ надоштам. Падару модарам ҳам ба тақдир тан доданд. Бародари калонии шавҳарам низ ду зан дошт ва онҳо бо ҳам мисли хоҳарон меҳрубон буданд, модарам андешаи ҳамонҳоро карда мегуфт, ки “ҳеҷ гап не, бо палонҷат хуб муросо намо, мисли апаву хоҳар мешавед. Гузаштагони мо бо ду- се зан дар як хона зиндагӣ мекарданд…”                Давом дорад...
Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Фотимабону 2023-09-20, 09:19
Давом дорад менависед, лекин аз ёдатон мебарояд чи?
Посух
Фотимабону 2023-09-21, 09:15
Оила чаро шумо на шаҳрҳои навиштаро нашр мекунед, на давоми қиссаҳоятонро? Давомашро надонед чаро оғозашро менависед? Боз чанд рӯзи дигар давоми қиссаҳоятонро интизор шавем? Ё давом надоранд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Фотимабону 2023-09-20, 09:19
Давом дорад менависед, лекин аз ёдатон мебарояд чи?
Посух
Фотимабону 2023-09-21, 09:15
Оила чаро шумо на шаҳрҳои навиштаро нашр мекунед, на давоми қиссаҳоятонро? Давомашро надонед чаро оғозашро менависед? Боз чанд рӯзи дигар давоми қиссаҳоятонро интизор шавем? Ё давом надоранд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД