Oila 5 years
Ё ЧӢ ТАВР ДАР ЯК ВАҚТ ДУ ОИЛА ВАЙРОН ШУД
6555

 

Сорохола маҷоли коркунӣ надошт. Ҷорӯбро як сӯ гузошту бо чашми пурнам дар рӯи кат нишаст. Даврони гузаштааш як- як аз назараш ҷилвагар шуданд. Ӯ оҳи сард аз дили пурдард кашид. Зеро аз ду оилаи бутун ва пур аз фараҳу шодӣ дигар чизе боқӣ намонда буд. Аз он рӯзи шум кайҳо панҷ соли расо сипарӣ шуда буд. Лаҳзаҳои беҳтарини умраш ба гӯшаи хаёлаш як-як ҷилвагар шуданд…

Соро духтари зебову дидание буд. Ӯ аз хурдӣ дар дил касби муаллимагиро мепарварид. Соро умед дошт, пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мешаваду пас он дар мактаб ба ҳайси муаллима шуда кор мекунад. Ӯ ҳар замон чун хонаро холӣ меёфт, дарҳол кӯдакони хурдсолро дар хонаашон ҷамъ намуда аз онҳо хоҳиш менамуд, ки дафтару қалам оранд, то ба онҳо дарс диҳад. Кӯдакон бо хушнудӣ ин таклифи Сороро қабул мекарданд. Онҳо низ шитобон аз хонаҳояшон дафтару қалам оварда аз Соро дарс мегирифтанду ӯро муаллима гӯён муроҷиат мекарданд. Ҳар боре Соро ба кӯдакон дарс медод, аз ин кор рӯҳаш болида мешуду аз «муаллима»-гӯии тифлакон нерӯи тоза мегирифт. Ин амали Сороро волидонаш дида тасмим гирифтанд, ки орузҳои духтарашонро барбод надиҳанд. Соро дар мактаб аз равияи риёзӣ дида равияи гуманитариро хубтар мефаҳмиду он дарсҳоро доимо тайёр мекард. Хостгорони зиёде аллакай ба хонаи Сороино омада буданду боз ноумед гашта мерафтанд. Чун падари Соро амаки Солеҳ ба бародараш нияти қудошавиашро ваъда дода буд, аз ҳамин сабаб дигар хостгоронро ноумед мекард. Ҳарду бародар аллакай нақшаи тӯйро кашидаву маслиҳати тӯйро намуда буданд. Ҳамин тавр, соли хониш низ ба итмом расиду Соро мактаби миёнаро хатм намуд. Соро ҳанӯз ба умеде, ки бо падараш барои ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳ меравад, рӯз мепоид. Як рӯз падар бо аҳли оилааш сари масъалаи хонадоркунии Соро бо Салим ҳарф заду ба аҳли хонаводааш ҷиддӣ таъкид намуд, ки аз пайи тӯй шаванд. Чун Соро ин тасмими падарро шунид, мӯю рӯ канд, ки ҳоло ба шавҳар баромадан намехоҳад. Ҳарчанд модар духтарашро насиҳат кард, бе фоида. Чун падар дид, ки Соро аз якравиаш намемонад, бо акааш хоҳиши Сороро гуфт:

-Ако, ин духтари якрав ҳеҷ розӣ намешавад, ки намешавад-да. Мехонам гуфтагиш мехонам. Кораш ҳар рӯз гиряву нола. На бо касе ҳарф мезанаду на чизе мехӯрад. Намедонам ӯро чӣ кор кунам. Амаки Муқим додарашро бовар кунонид, ки духтарашро ҳатман мехононад. Падари Соро амаки Ҳаким ба хонааш омада пешниҳоди акаашро сараввал ба ҳамсараш холаи Саврӣ расонд. Модар аз ин таклифи қудошавандаашон шод гашт. Ӯ фурсати муносиб пайдо карда ин хабарро ба духтараш расонд.

-Сороҷон, дирӯз падарат бо амакат сари масъалаи ту сӯҳбат намуданд. Он кас ба падарат гуфтанд, ки туро ҳатман ба донишгоҳи мехостаат дохил хоҳанд кард. Ту муҳим ин қадар гиряву нола накун, Худо хоҳад ҳамааш ба хости худат мешавад. Соро аз ин таклифи модар дар дил каме ҳам бошад таскин ёфт. Ҳамин тавр, санаи тӯйро аниқ карданд. Сороро     бо писари амакаш Салим хонадор намуданд. Ӯро бо суруди ёр-ёр ба хонаи бахташ гусел намуданд. Соро аз рӯзи аввал шавҳарашро дӯст дошта монд. Аллакай дар муддати кӯтоҳ бо ҳамсараш унс гирифт. Онҳо аз рӯзи оѓоз зиндагии ширину намунае барпо намуданд, ки зиндагии онҳо намунаи атрофиён гашта буд. Хушдоманаш холаи Қумрӣ зани босаводу озодае буд. Ӯ дар мактаби маҳаллаашон ба ҳайси муаллимаи забони русӣ шуда кор мекарду аллакай дар кори худ зани таҷрибадида буд.Чун Соро худ духтари чаққону дидадаро ва меҳрубон буд, зуд бо аҳли хонавода забон ёфту дар назди онҳо соҳибэҳтиром гардид. Таваллуди фарзанди нахустин зиндагии рангини онҳоро боз рангинтар намуд. Ҳама дар гирди тифлак парвона буданд. Рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд. Дар хонаи амаки Муқим, ки падари Салим буд, сол то сол сафи наберагонаш зиёд мешуд. Дар муддати ҳафт соли оиладорӣ Сорову Салим соҳиби ду писару як духтари нозанин гардиданд. Зиндагӣ бо маҷрои худ равон буд. Азбаски худ хатмкардаи донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буду дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси муаллим шуда кор мекард, ҳамсарашро низ барои ба донишгоҳ дохил шудан дар нақша дошт. Як рӯз амаки Муқим дар ҳузури аҳли оилааш масъалаи ба донишгоҳ дохил намудани келинашро иброз дошт:

-Писарам мана фарзандаконат низ калон гардиданду ба боѓча мераванд. Ман ба амакат ваъда дода будам, ки духтарашро мехононам. Вале чун фарзандонаш хурдсол буданд, ин имконият набуд. Чӣ мешавад, ки ӯро ба донишгоҳ дохил кунему хононем.

-Падар ман низ ҳамин фикрро дорам. Вале ҳеҷ фурсати гуфтан намеёфтам. Модоме шумо розӣ бошем ман низ розӣ. Чанде пештар модарам дар ин хусус аз ман хоҳиш намуда буданд. Ин тавр бошад ин масъала аллакай ҳал аст. Шурӯъ аз ин моҳ бояд ҳуҷҷатҳояшро омода кардан лозим. Салим ҳамин тавр ҳам кард. Хуллас, Соро дар шӯъбаи ѓоибонаи донишгоҳ бо дониши худаш дохил шуд. Он солҳо ба донишгоҳ дохил шудан осон набуд. Хурсандии ӯро ҳадду канор набуд. Зеро ҳеҷ гумон надошт, ки баъди ҳафт соли хатми мактаб боз донишҷӯ мегардад. Ҳар саҳар ҳарду якҷоя фарзандонро ба боѓча бурда худ ба донишгоҳ мерафтанд. Ҳама ҳаққу ҳамсояҳо ба ин ҷуфти муносиб ҳавас мекарданд. Ҳамин тавр, баъди ду соли таҳсил дар донишгоҳ Соро дар мактаби назди хонаашон ба кор ба ҳайси муаллимаи фанни таърих қабул шуд. Моҳҳову солҳо турнасон мегузаштанд. Соро донишгоҳро бо сари баланд ба итмом расонид. Дар ин миён ду бародари Салимро низ хонадор карданд. Аз ҳамин лиҳоз, ӯро ба ҳавлии бобояш, ки дар назди донишгоҳи омӯзгорӣ буд, кӯчонданд. Бобояш пеш аз мурданаш худ васият намуда буд, ки хонаро ба набераи калонӣ ва дӯстдораш Салим мебахшад. Зеро ҳам ба ҷойи кораш наздик аст. Баъди мурдани бобои Салим хона ба Салим монд. Салим кунун зиндагии мустаъқилонаи худро оѓоз намуд. Ҳавлӣ гарчанде калон набуд, вале он дилкушову зебо менамуд. Салим кунун зиндагии мустаъқилонаро пеш гирифт. Баъди мустаъқил шудан зиндагиаш равиши дигарро гирифта буд. Акнун ӯ дар ду ҷо ба кор даромада буд. Ӯ ѓайр аз донишгоҳи омӯзгорӣ инчунин дар донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегуфт. Фарзандонаш яке пайи дигаре калон мешуданд. Фарзанди калонии Салим, ки Умед ном дошт, дар синфи ҳаштум мехонду фарзанди кенҷааш Малиҳо дар синфи чорум. Бо мурури замон фарзандони Сорову Салим аллакай яке пайи дигаре мактаби миёнаро хатм намуданду ҳар яке ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуда буданд. Соро аллакай дар фикр афтода буд. Зеро кунун ташвишаш зиёд гардида буд. Хушдоманаш Қумрихола пайваста Сороро насиҳатомез мегуфт:

-Келин, акнун бепарво набош. Бубин, фарзандонат ҳама калон шудаанд. Духтарат низ мактаби миёнаро имрӯз пагоҳ хатм мекунад. Умр чунон тез мегузарад, ки ҳатто нофаҳмида мемонӣ. Ба хонаи мо омадагиат гӯё дирӯзак буд, вале бубин умрро, ки чӣ хел зуд гузаштааст. Барои ҳамин дар фикри оиладор намудани фарзандонат шав. Мана Умедҷон дар соли чорум ва Валиҷон дар соли дуюми донишгоҳ таҳсил мекунад. Фарзанд, ки калон шуд, ташвишаш низ калон мешавад. 

Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД