goodwell
Сирри байни ману хусурам
17.10.2026
Oila.tj
203

Салом, хонандагони азиз! Имрӯз мехоҳам хотираеро аз рӯзҳои аввали келинӣ нақл кунам, ки ҳар бор ба ёдам ояд, беихтиёр механдему он лаҳзаҳои ширинро пеши назар меорем. Даҳ сол аз он рӯзҳо гузашта бошад ҳам, меҳрубонӣ ва ғамхории хусурамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Ман он вақт келинчаки ҷавон будам. Хушдоману авсунам саҳар ба кор мерафтанду бегоҳ дер ба хона бармегаштанд. Баъзан авсунам саҳар хамир мекарданду хушдоманам бегоҳ аз он нон мепухтанд, зеро ман  ҳанӯз таҷрибаи рӯзгордорӣ надоштаму бисёр корҳоро бояд оҳиста-оҳиста меомӯхтам.

Ҳамин тавр, як рӯз, ки ҳамагӣ як моҳ аз келин шуданам гузашта буд, тасмим гирифтам худам хамир кунам, вале азбаски ҳанӯз нозукиҳои ин корро намедонистам, хамир дам карда, аз сатил рехт. Чанд маротиба онро мушт карда, дубора ба ҷояш мондам, вале хамир боз боло шуда, мерехт. Намедонистам чӣ кор кунам. Дар хона танҳо ману хусурам будем. Бо дили пурташвиш назди ӯ рафта, воқеаро нақл кардам.

Хусурам, ки марди меҳрубону шӯхтабиат буданд, маро сарзаниш накарданд. Баръакс, оромона фармуданд, ки сару рӯямро бо рӯймол бипӯшонам, то ба нонпазӣ тайёр шавам. Ҳамин тавр, дукаса ба танӯр алов кардем.

Ман аз хамир зуволаҳо гирифта, ҳамагӣ 18 дона тайёр кардам. Вақте танӯр тасфид, хусурам ба ман нишон доданд, ки чӣ тавр нонро ба девори танӯр часпондан лозим аст. Аммо нонпазӣ он қадар осон набудааст! Ҳар қадар кӯшиш мекардам, ҳамон қадар нонҳоям каҷу килеб мебаромаданд. Баъзеашон ба хокистар меафтиданд, баъзеи дигар месӯхтанд. Аз он 18 дона нон танҳо шаштояш хушрӯй баромад.

Аз шарм намедонистам ба куҷо нигоҳ кунам. Фикр мекардам, ки бегоҳ хушдоманам омада, аз нонҳои сӯхтаву каҷу килебам норозӣ мешаванд. Аммо хусурам боз ҳам ба ёрдам омаданд. Нонҳои хушрӯйро ҷудо карда, гуфтанд: “Духтарам, ин нонҳои хубро рӯйи дастурхон гузор, безебҳояшро бошад, пинҳон кун”.

Ман ҳам аз рӯйи гуфтаи ӯ амал кардам. Бегоҳ хушдоманам ба хона омаданду нонҳои калон-калони хушрӯйро дида, хурсанд шуданд. Ба дастурхон нигариста, бо ҳайрат гуфтанд: “Нон кам шудааст-дия!”

Ман бошам, бо нигоҳ ба хусурам фаҳмидам, ки сирри ин «камшавӣ» чист. Баъд аз он, ману хусурам нонҳои каҷу килебро пора-пора карда, оҳиста-оҳиста ба нондон мегузоштем, то касе пай набарад. Нонҳои хушрӯйро бошад, барои дастурхон нигоҳ медоштем.

Хушдоманам ҳар дафъа ҳайрон мешуданд, ки чӣ тавр шаш дона нон ин қадар дер тамом мешавад. Хусурам бошанд, бо шӯхӣ мегуфтанд: “Ин шашто нон бобаракат будааст, барои ҳамин тамом намешавад!”.

Ҳар бор ин суханро мешунидам, базӯр хандаамро нигоҳ медоштам. Хушдоманам то ҳол аз ин сирри хурди мо бехабар мондаанд.

Бо гузашти вақт ман ҳам нонпазиро хуб омӯхтам. Оҳиста-оҳиста нонҳои хушрӯй мепухтам, баъдтар фатирҳои ҷаззагину равғанин тайёр карданро низ ёд гирифтам.

Вале меҳрубонӣ ва дастгирии хусурамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Он кас метавонистанд маро сарзаниш кунанд, вале ба ҷойи маломат бо шӯхӣ ва меҳрубонӣ ба ман ёрӣ расонданд.

ХИРОМОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД