sebiston july new
Ё ЧӢ ТАВР ДАР ЯК ВАҚТ ДУ ОИЛА ВАЙРОН ШУД (ҚИСМИ 2)
5563

ИДОМААШ....

-Келин, акнун бепарво набош. Бубин, фарзандонат ҳама калон шудаанд. Духтарат низ мактаби миёнаро имрӯз пагоҳ хатм мекунад. Умр чунон тез мегузарад, ки ҳатто нофаҳмида мемонӣ. Ба хонаи мо омадагиат гӯё дирӯзак буд, вале бубин умрро, ки чӣ хел зуд гузаштааст. Барои ҳамин дар фикри оиладор намудани фарзандонат шав. Мана Умедҷон дар соли чорум ва Валиҷон дар соли дуюми донишгоҳ таҳсил мекунад. Фарзанд, ки калон шуд, ташвишаш низ калон мешавад. Мегӯянд: «Кӯдаки хурдро ташвишаш хурд, вале чун калон шуд, ташвишаш баробари худаш калон мешавад». Тани сиҳат ва хотири ҷамъ дар одамизод абадӣ нест. Акнун ману амакат одамони пир. Мабодо ягон кору ҳол шуда намонем, мегӯям. Мехоҳам ақаллан хонадоршавии як набераамро бубинам, баъд мурам ҳам дар дилам ормон намемонад,- холаи Қумрӣ норозиёна баён намуд.

-Янгаҷон, инхел нагӯед. Ҳудо хоҳад шумо ҳоло натанҳо тӯйи набераҳоятон, балки тӯйи абераҳоятонро низ мебинед. Лекин гапатон маъқул. Худам низ дар фикр афтодам. Ростӣ ташвишам зиёд шудааст. Умедҷон вай рӯз ба ман гуфт, ки «оча боз мабодо хонаи ягон нафар ба хостгорӣ наравед, ман аллакай дӯстдошта дорам. Кӣ будани он духтарро пурсам, гуфт, ки духтари Расули ҳамсоя, ки ҳарду ҳамсинф будаанд. Духтараш духтари бад не, ба ман маъқул. Ҳоло он духтар дар коллеҷи тиббӣ мехондааст. Насиб бошад, имсол коллеҷро хатм мекунад. Шумо дар ин бобат чӣ фикр доред янга?

-Бачам, модоме, ки Умедҷон дӯстдошта дошта бошад, пас ӯро оиладор кунед. Агар донед, ки келиншаванда аз оилаи мешуданӣ, пас боке надорад, мо розӣ. Муҳим ба худаш маъқул бошад. Соро ин масъаларо бегоҳ бо шавҳараш муҳокима кард. Салим низ онро ба хубӣ қабул кард.

-Инро ман медонам. Чанд рӯз пештар ман бо Умед сари ин масъала сӯҳбат карда будем. Чун оиладор шуданашро пешниҳод кардам, ӯ ба ман дар бораи духтари Расул гуфта дод. Ба ман он оила писанд аст. Хуллас, ман зид нестам. Умед гуфт, ки «падар, агар илоҷаш бошад рафта хостгорӣ кунед, ки модараш ӯро ба кадоми дигар медодааст». Барои ҳамин, модоме, ки кор чунин бошад, пас ба хостгорӣ рафтан даркор. Соро бо маслиҳати пешакӣ хоҳар ва янгаҳояшро гирифта дар рӯзи таъиншуда ба хостгорӣ рафтанд. Ҷониби духтардор меҳмононро хуб пазироӣ намуда, дастархонашонро бозпас надоданд. Ин маънои онро дошт, ки ҷониби духтар ба ин хостгорҳо розианд. Ҳафтае баъд фотеҳатӯйи Умеду Таманноро доир намуданду баъди як моҳаш маросими тӯй бо шукӯҳу шаҳомат доир гардид. Арӯсро бо суруди ёр-ёр ба хонаи Салим оварданд. Холаи Қумрӣ аз шодӣ ашк мерехт. Ӯ шукр аз он менамуд, ки дар тӯйи зангирони наберааш бевосита ширкат дорад. Хурсандии аҳли ин оиларо ҳадду канор набуд. Соро худро ҳамон рӯз хушбахти хушбахтиҳо медонист. Чун Соро писару келинашро болида медид, худ аз онҳо дида хушҳолтар мешуд. Боре амаки Салим дар рӯйи кат нишаста чой нӯшиду ба самте маънидорона нигариста гуфт:

-Соро, бубин умр ин қадар зуд гузаштааст. Дирӯз моро волидонамон паси манзараи зиндагӣ мушоҳида мекарданд. Кунун мо фарзандонамонро. Пагоҳ фарзандонамон фарзандонашонро. Агар инсон инро дарк кунад, инҷо ҳикматест. Соро низ бо таассуф ҳайфи умри рафта гуфту ба фикр фурӯ рафт. Зиндагӣ бо маҷрои худ равон буд. Як рӯз Таманно ба хушдоманаш ҳомила буданашро иброз дошт. Соро аз шунидани ин хушхабар чунон хурсанд шуд, ки ногуфтанӣ. Кунун Сорохола келинашро намегузошт, ки корҳои вазнинро ба анҷом расонад. Ҳатто сатили ахлотро намегузошт, ки бардорад, то ин ки ба тифлакаш осеб нарасад. Хамин тавр, баъди чанд моҳе Таманно дар рӯзи иди Қурбон фарзанди писар таваллуд кард. Ҳамон замон номи тифлро Қурбон гузоштанд. Амаки Салим ба ин муносибат як говро кушт. Ҳама дар гирди сари тифлак парвонае буданд. Ҳаққу ҳамсояҳо ба ин оила ҳавас мекарданд. Ҳам келин аҳл буду ҳам хушдоман. Забони ҳамдигарро хуб мефаҳмиданду эҳтироми ҳамдигар ҳамеша дар он хона ҳукмфармо буд.Тифлак рӯз ба рӯз калонтар мешуду шириниҳош низ зиёдтар мегардид. Ташвиши Сорохола кунун зиёдтар гардида буд. Вале ба қавли худаш ин ташвишҳо барояш ширин ба ҳисоб мерафтанд. Як бегоҳ амаки Салим бо чеҳраи мушавваш аз кор ба хона омаду ҳамсарашро хабар кард, ки либосҳои лозимиашро дар як сумка гирад, зеро писари амакаш, ки ҳарду дар як ҷо мисли бародар калон шуда буданд, аз сактаи қалб вафот кардааст. Соро аз ин тасмими сафари бегоҳирӯзии шавҳараш розӣ набуд. Зеро шавҳарашро мебоист, ба яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд сафар кунад.

АНҶОМАШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД