goodwell
Ё тавба (ҚИСМИ 2)
96

- Писарам ҳамсарашро дӯст медорад, онҳоро шумо гуфтагӣ барин «шартӣ» ҷудо карда, бадбахт карданӣ нестам,- бо алам гуфт Гулбибӣ ва аз пеши Латофат шатарросзанон рафт.

- Э-ээээ ё тавба-тавбаее. Ман чӣ гуфтам!? Танҳо пурсидам, ки келини нозояш кӯдакдор шуд ё не? Ба мардум чӣ шудааст!? Гапи одӣ ба ҳеҷ кас намефораде. Хайр, келини ту нозой бошад гуноҳи ман мӣ? Ҳмммм ҳақиқат ҳамин хел талх мешавад,- баъди рафтани Гулбибӣ худ ба худ мегуфт Латофат.

- Э боз чӣ гуфт дар пеш ду писар дорӣ гуфт. Ҳар ду писарам ҳам чилааш набаромада фарзандор мешавад. Ду духтарам рафтанду ҳомила шуданд. Ман ба ин зани каллаварам чанд бор гуфтам, ки духтари хоҳари маро келин кун. Агар мекард, ҳозир писараш соҳиби чор шерписар мешуд. «То реша дар об аст умеди самаре ҳаст» - будааст. «Об» бошад, ки «реша» бор орад. Вай «решаву об» кайҳо, ки «хушк» шудааст. Агар аз ин «решаву об» умед мебуд кайҳо соҳиби фарзанд мешуд. Лекин аз як ҷиҳат рост мегӯяд. Акаам баъди 12 сол фарзандор шудку охир. Уҳҳҳ, ҳамин фарзандор шудану нашудани акаамро ҳама пурсида дилашро об мекарданд. Аз бисёр пурсак-пурсаки мардумро шунидана ман ҳам навхонадоронро «навгонӣ» мепурсидагӣ шуда мондам.

                                                             ***

Гулбибӣ раҳораҳ мерафту ашкони шашқаторашро бо банди рӯймолаш пок мекард. Оби чашмонаш мисли чашма беист мерехт. Келину писарашро «нозойу бепушт» гуфтани Латофат мисли корд ба устухонаш расид. Қалбашро тика - тика кард. Ӯ дарун-дарун месӯхт. Бо Худо роз мегуфт, дуо мекард, ки ба фарзанди ягонааш аз хазинаи беминнати худ фарзанд ато кунад.

- Ба одамон чӣ шудааст, инқадар дилозор шудаанд. Чӣ кор кунам? Соҳиби фарзанд шудани фарзандонам дар дасти ман-неку. Ҷои нарафтааму кори накардаам намонд. Ҳардуяшон ҳам солиманд, чаро кӯдакдор намешаванд намедонам.

Фарзандор нашуд гуфта гулбарин келинамро аз хона ронам. Писарамро хонавайрон кунам? - боалам аз худ мепурсид Гулбибӣ ва боз ба суоли худ посух медод, - Не! Сабр мекунам. Бовар дорам, ки ин сабри ман меваи ширине меорад,- Гулбибӣ ба фикру андеша ғӯтавар шуда чӣ тавр ба дари хонааш расиданашро надониста монд. «Ассалому алайкум модарҷон» - гуфта ҳолпурсӣ кардани келинаш ӯро аз олами хаёл берун кард.

- Валейкум бар салом. Хуб ҳастед келинҷон, бо корҳои хона хаста нашудед? - пурсид хушдоман.

- Не модарҷон ҳама хуб аст. Интизори Шумо будам, - посух дод келинчак ва аз дасти хушдоманаш сумкаашро гирифт. Хушдоману келин болои кат нишастанд. Маҳина даррав аз ҷой хесту чойи кабуди талх дам карда оварда монд.

- Раҳмат келин, барака ёбед. Писардор шавед!

- Илоҳо. Раҳмат холаҷон. Холаҷон табъатон хира барин метобад? Дар маърака ягон гап шуд. Ё ягон кас Шуморо ранҷонд?

- Э, не. Маро кӣ ҳам меранҷонад. Маърака хеле хуб гузашт, бо табъи хуш омада истода будам, Латофатқаланфурро мешиносед-а? -ба келинаш рӯй оварда пурсид Гулбибӣ.

- Ҳа, ҳамон зани сахтгапро мегӯед? Чанд бор ба ман ҳам суханои ҳархела зад, вале аҳамият надодам. Ба наздикӣ дар як оилаи ҷавон аз пушти суханони ҳамон хола моҷаро хест. Келини нав ду моҳ шударо ин кӯдакдор намешавад гуфтаанд ба фикрам.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД