toyota motors
“Эшони каратэ”, ки бо усулҳои варзишӣ “ҷинбарорӣ” мекард, боздошт шуд
05.05.2026
Oila.tj
143

Дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён шаҳрванд Ахмедов Саидахмед Маҳмадиевич, таваллудаш 28.11.1960, сокини ноҳияи Кӯшониён, маҳаллаи Маданият 2, пеш бо моддаи 170 (дузанагӣ ё серзанагӣ) суд шудааст, барои алоқаи ҷинсӣ ва кирдорҳои бадахлоқона бо сӯйистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Ахмедов Саидахмед, ки дар байни мизоҷонаш бо тахаллуси “Эшони каратэ” маъруф мебошад, маълумотӣ динӣ надошта, ба хизматрасониҳои ҷинбарорӣ, бахткушоӣ, гарм намудани муносибатҳои байни зану мард, кушоиши кор, баровардани сеҳру ҷоду ва табобат аз ҳар гуна бемориҳо бо роҳи дуохонӣ ва навиштани тумору таштоб машғул будааст.

- Эшони карате занҳои корафтодаро, ки ба наздаш меоянд, дар хона бе иштироки наздиконашон қабул намуда, ҳангоми дуохонӣ бо истифода аз боварии динӣ нисбати занон кирдорҳои бадахлоқона анҷом дода, бо онҳо ҳамхоба мешавад. Инчунин, бо ҳамин мақсад барои қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ занони содаву гумроҳро бо роҳи фиреб ба никоҳи худ дароварда, пас аз ҳамхоба шудан аз онҳо ҷудо шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гумонбаршуда нишондод додааст, никоҳ кардани занонро танҳо барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ анҷом додааст.

Ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии номбурда муайян гардидааст, ки ӯ ба ҳама ҷавонзани корафтода паёмакҳои ошиқона равон кардааст.

“Эшони каратэ” гуфтааст, ки бо зиёда аз 11 нафар занон бо ҳамин тарз алоқаи ҷинсӣ намудааст. Айни ҳол дар манзили истиқоматиаш бо 3 ҳамсар зиндагонӣ дорад. Номбурда аз 10 зан 20 фарзанд дорад, ки рӯзгори душвор ва номусод пеш мебаранд.

- Ахмедов Саидахмед барои боварии шаҳрвандони зудбоварро ба даст овардан бо усулҳои варзишӣ ҷинбарорӣ карда, ҳангоми дуохонӣ гӯё ҷинҳоро бо мушту лагад бо усули “Карате” мезадаст, аз ҳамин хотир бо тахаллуси “Домулло-карате” дар байни мизоҷонаш машҳур шудааст,- менависад сомонаи ВКД.

Барои хизматрасониҳои мардумфиребона Ахмедов Саидахмед аз корафтодагон аз 100 то 200 доллари амрикоӣ ва як сар гӯсфанд талаб намуда, ба даст меовардааст ва гӯё бо хун кардани гӯсфанд мушкилоти корафтодаро ҳал мекардааст.

Боздоштгардида муддати 20 сол дар масҷиди маҳаллаи Маданият 2-и ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси имомхатиб фаъолият карда будааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ахмедов Саидахмед маводҳо ҷамъоварӣ гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ дар асоси моддаи 142, иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД