formula
Фараҳманд дар 8-уми март ба кӣ чӣ туҳфа мекунад?
1769

-Фараҳманд, сарояндагон ба тӯҳфа гирифтан аз дигарон одат кардаанд, вале имрӯз рӯзи иди бонувон асту...

-Мақсадатонро аллакай пай бурдам, донистан мехоҳед, ки мо, сарояндаҳо ҳам ба бонувони хонаводаи худ туҳфа мехарем ё не...

-Қурбони аҳли фаҳм шавам!

-Азбаски 8-мартро расман “Рӯзи модар” эълон кардаанд, ман пеш аз ҳама ба модарҷонам туҳфа мехарам, чунки бузургтарин дӯст ва ғамхору такягоҳи ҳар як инсон дар зиндагӣ пеш аз ҳама модар аст.

-Фараҳманд, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки ба модари азизатон чӣ ҳадя мекунед?

-Инашро гуфта наметавонам, зеро ҳанӯз туҳфаамро ба модарҷонам насупоридаам. Мехоҳам баряшон “сюрприз” кунам.

-Дар интихоби туҳфа Шумо бештар ба чӣ диққат медиҳед, манзурам он аст, ки туҳфаи қимматбаҳо ва бренд шударо интихоб мекунед ё моле, ки муфид ва зарурӣ бошад?

-Аслан, дар пеши пойи модарон тамоми зару зевари оламро бирезем ҳам, кам аст, вале ба фикри ман қиммати туҳфа аҳамият надорад. Муҳимаш туҳфа бояд аз сидқи дил ва бо меҳру муҳаббат интихоб ва тақдим гардад. Як дона гул ва як сухани аз самими дил ба забон оварда шуда баъзан аз сад туҳфаи қимматбаҳо беҳтару хубтар аст.

-Ба ғайр аз модар боз барои кӣ туҳфа мехаред? Манзурам он аст, ки Фараҳманд ягон арӯс дорад ё не?

-Ана инаш сирри махфӣ аст! (Механдад) Сирри мардон пӯшида беҳ гуфтаанд, барои ҳамин беҳтараш ин мавзӯъро расонаӣ накунем.

-Дар рӯзи 8-уми март кӣ дар хонаи шумо хӯрок мепазад?

-Модарам ва янгаам хӯрок мепазанду дастурхони шоҳона меороянд. Умуман, бонувони хонадони мо бисёр ҳунарманданд, чунон таомҳои лазизе мепазанд, ки аз хӯрокҳои тарабхона сад бор хушмаззатар аст.

-Магар дар рӯзи идашон ҳам бонувонро аз кору бори рӯзгор озод намекунед?

-Бо ҷону дил озод мекардем, вале онҳо худашон моро ба ошхона роҳ намедиҳанд, зеро дар сари дегу табақ сарх заданро кори мардона намешуморанд.

-Наход ягон бор дар умратон хӯрок напухта бошед?

-Ростӣ танҳо як маротиба, замони кӯдакӣ ҳамроҳи падарам дар пешамон пешбандак баста хӯрок пухта будем. Таъриф нашавад, хӯроки пухтаамон чунон бомазза шуд, ки тамъаш то ҳол аз даҳонам нарафтааст. Дигар ягон маротиба то ҳол дар хонаи мо мардон хӯрок напухтаанд.

-Дар иди бонувон ба занону духтарони тоҷик чӣ таманно доред?

-Тамоми бонувонро бо рӯзи идашон табрику мубракбод мегӯям. Бигзор модарон ҳамеша сиҳату саломат ва сябони сари мо бошанд. Дуо мекунем, ки мисли гулҳои баҳорӣ чеҳраи занону духтарони тоҷик мудом дар ханда ва сарсабзу саодатманду сарбаланд бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД