Фардо ҳаракати нақлиёт дар бархе роҳҳои Душанбе маҳдуд мешавад
13-уми ноябр, ҳаракати нақлиёт дар як қатор хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти пулиси пойтахт, маҳдудият аз соати 09:30 то 11:00 дар хиёбонҳои И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва С. Шерозӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров ва Абая, маҳаллаи Зарнисор, кӯчаи Н. Махсум ва Аҳрорӣ ҷорӣ мегардад.
Дар робита ба ин, пулиси пойтахт аз ронандагон даъват кардааст, ки дар ин муддат аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Сабаби муваққатан маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт шарҳ дода нашудааст.