arzon replenishment
Фариштаҳоро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
1555


Салом! Ман шаби гузашта фариштаҳоро хоб дидам. Дар хобам чанд фаришта болои сарам нишаста,сари маро сила мекарданд.

Хобамро ба аҳли оилаамон гуфтам. Якеаш мегӯяд, ки фариштаро хоб дидан хуб аст, дигараш баръакс маслиҳат медиҳад, ки эҳтиёт бошам, чунки ин як навъ огоҳӣ буда метавонад. Намедонам ба сухани кӣ бовар кунам, аз ҳамин хотир ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат кардам, то ки таъбири хобамро бидонам.
Мансур, сокини шаҳри Қурғонтеппа

Посух
Озурда набошед, касе, ки малоикро хоб мебинад, дари бахту саодат ва файзу баракат ба рӯяш кушода мешавад. Дидани фариштаҳо дар хоб нишонаи соҳибэҳтиром ва шуҳратманд гаштани шахси хобдида аст.

Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, мард хоб бубинад, ки малоик, яъне фариштаҳо ба масҷиде, ки вай он ҷо намоз мегузорад, даромадаанд, бояд бештар дуо хонад ва хайру саховат кунад, зеро чунан хоб як нав огоҳӣ аст, ки офаридгор аз ин бандааш садақа ва ниёиши пайвастаро хоҳон аст.

Таъбиркунандагони хоб тавсия медиҳанд, ки пас аз дидани чунин хоб ҳарчи бештар дуо ва намоз хонда, омурзиши гуноҳонатонро талаб намоед. Ҳар қадаре, ки шахс дуою дуруди бештар фиристад, ҳамон қадар файзу баракати зиндагиаш афзунтар мегардад.

Аммо касе, кибо тиҷорат сару кор дорад, хоб бубинад, ки фариштае дар болои сараш истодааст, бояд дар масъалаи тарозу эҳтиёт бошад, зеро ин хоб бар он далолат мекунад, ки вай ҳаққи мардумро мехӯрад.

Кас хоб бубинад, ки малоик ба хонааш даромада истодаанд ва дар дасташон табақҳои пурмева доранд, хоби дидааш аз биҳиштӣ шудани шахси хобдида далолат мекунад.

Аммо мард ё зани мансабдор хоб бинад, ки фариштае яроқи ӯро аз дасташ кашида гирифта истодааст, аз мансабу вазифа барканор мегардад ва ё ягон чизи барояш бисёр қимату азизро аз даст медиҳад.

Бо фариштаҳо даст ба гиребон шудан дар хоб маънои онро дорад, ки ба сари шахси хобдида мушкилоти бисёр дандоншикан меояд, вале бо мадади худованд аз он раҳоӣ хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД