Formula september
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи М
367766

Мавиз

Мавиз дар хоб насибаи хуб аз Худованд аст.

Мавсими дарав, ҳосил

Мавсими дарав, ҳосилро хоб дидан ишора ба он аст, ки мушкилиҳои шахси чунин хобдида осон мешаванду доро мегардад. Агар дар хоб ҳосил аз маконе, ки дар он ҷо ҷанг мерафта бошад, ғундошта шавад, ин нишонаи пайдошавии бемории вабо ё офат аст. Рафту ҳосилғундорӣ дар бозор бошад, пас шахси чунин хобдида дар кори савдо муваффақ мегардад. Ҳосилғундорӣ дар макони серодам сурат мегирифта бошад, ин ишора ба некӯкорӣ ва мукофот аст.

Магас

Магас дар хоб шахси пасту ҳақир ва ҷанҷолӣ аст. Агар нафаре дар болои сари худ пашшаи паронро хоб бинад, пас душмани заифе дорад, ки дар фикри ба ӯ зарар расонидан аст, вале коре карда наметавонад. Шахсе, ки дар хобаш ба молу амволи худ пашшаи нишастаро мебинад, бояд ин моли худро аз чашми душман пинҳон нигоҳ дорад. Дар хоб куштани пашша нишонаи осудагӣ ва саломатии хуб аст. Нафаре, ки хонаи худро пур аз пашша хоб мебинад, пашшаҳо душманоне ҳастанд, ки ба ӯ зарар мерасонанд. Мегӯянд, ки магас дар хоб пулҳои бо роҳи ҳаром ба даст овардашуда ҳастанд.

Мадҳушӣ

Агар дар хоб аз ҳуш рафтани нафареро хоб бинед, дучори ғаму андуҳ мегардед.

Мағзи сар

Мағзи сар дар хоб ҳамчун ҳимоя аз ҳама гуна офатҳо таъбир мегардад. Нафаре, ки дар хобаш мағзи сар истеъмол мекунад, бо пули ҳалол умр ба сар мебарад. Дар хоб истеъмол кардани мағзи сари нафари бегона маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз дороии он нафар истифода мебарад. Нафаре, ки мағзи сари худро калон хоб мебинад, ин нафар донову хирадманд аст. Мағзи сари худро хурд ё умуман худро бе мағзи сар хоб дидан нишонаи он аст, ки шахси чунин хобдида ҷоҳил ва мумсик аст. Мағзи сари пухташуда шаҳодати марги бармаҳал аст.

Мағоза

Мағоза дар хоб фоида ва боигарӣ аст. Агар нафаре дар хобаш мағозаҳои холиву бе савдоро бинад, ба муноқишаи калон дучор мегардад. Мағозаи валангоршудаистода ё валангоршуда аз марги шахси наздик шаҳодат медиҳад. Мағозаи дарҳояш баста аз нобарорӣ дар кори савдо пешгӯӣ мекунад.

Мадинаи мунаввара

Мадинаи мунаввара дар хоб шаш таъбир дорад: бехатарӣ, авфи гуноҳҳо, лутфу марҳамати Оллоҳ, наҷот аз бадӣ, раҳоӣ аз ташвишҳо ва зиндагии гуворо.

Маит

Нафаре, ки дар хоб падару бобо, модару модаркалони фавтидаашро зинда хоб мебинад, дар бедорӣ аз мушкилот раҳоӣ меёбад. Фавти одами зиндаро хоб дидани нишонаи дароз шудани умри эшон аст. Шахсеро, ки дар хобаш фавтидае мезанад, нишонаи даст ба гуноҳ задани ӯ аст. Нафаре, ки дар хобаш мурда меёбад, дар бедорӣ сарватманд мегардад. Агар шахси фавтида дар хоб даст ба ягон аъмоли бад занад, ин ҳушдор аз аъмоли баде аст, ки шахси хобдида бояд эҳтиёт шавад. Дар хоб дидани ҷавони муҷарраде, ки реҳлат намудааст, маънои дар бедорӣ издивоҷ карданро дорад, ҷавони зандидаи реҳлатнамуда дар хоб нишонаи аз наздикон ҷудо шудан ё талоқ аст. Даст ба аъмоли нек задани шахси реҳлатнамуда дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида низ кори хуб анҷом додааст. Шахси фавтидаро зиндаву ҳангоми гапзанӣ хоб дидан маънои онро дорад, ки хонаи охирати ин нафар обод аст. Дар хоб бо нафари фавтида оғуш гирифтану суҳбат кардан маънои дарозумрии ӯро дорад. Нафаре дар хобаш бо нафари ношиносе, ки фавтидааст, бӯсобусӣ намояд, дар бедорӣ соҳиби боигарӣ мешавад. Бӯсобӯсӣ дар хоб бо яке аз шиносҳоятон, ки реҳлат намудааст, нишонаи аз худ намудани илму дониш ва маблағ аст. Бо шахси фавтида дар хоб мубошират намудан, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида он чизеро ба даст меорад, ки кайҳо умедашро аз он канда буд. Мард дар хобаш бо зани фавтида мубошират намояд, корҳояш рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Шахси фавтидаро хомӯш хоб дидан маънои онро дорад, ки раҳматӣ нисбати шахси хобдида назари нек дорад. Шахсе, ки дар хобаш аз нафари фавтидае моли хубу тоза мегирад, неъмати зиндагӣ ва хушиву хурсандӣ насибаш мегардад. Рафту мол ё ашёи додаи шахси фавтида ифлос бошад, пас шахси хобдида дар оянда ба аъмоли бад даст мезанад. Шахси фавтидаеро сарватманд хоб дидан маънидодкунандаи он аст, ки руҳаш равону хотираш шод аст. Бо нафари фавтида дар хоб салом кардан ба лутфи Худованд мушарраф гардидан аст. Шахси фавтидаро урён хоб дидан нишонаи он аст, ки раҳматӣ дар зинда буданаш хайру саховат накардааст. Рафту шахси фавтида дар хоб аз марги инсон хабар диҳад, пас марги шахси хобдида наздик аст. Нафари фавтидаеро бо рӯи сиёҳ хоб дидан маънои онро дорад, ки аз ин дунё бе имон реҳлат намудааст. Бо шахси фавтида ба хона ворид шудану аз он ҷо берун нашудан маънои онро дорад, ки шахси хобдида аз дами марг наҷот меёбад. Дар хоб бо шахси фавтида дар як кат хобидан нишонаи дарозумрӣ аст. Агар шахси фавтида дар хоб ба сӯи худ даъват намояд, марги шахси чунин хобдида ба мисли шахси реҳлатнамуда фаро мерасад. Шахси фавтидаеро дар ҷое, ки пайваста намоз мегузорид, машғули намозхонӣ хоб дидан, маънои онро дорад, ки руҳу равонаш чандон шод нест. Рафту шахси фавтида дар мавзеи дигар машғули намозгузорӣ бошад, пас амалҳои хуби ҳангоми зинда буданаш содирнамуда дар дафтари аъмолаш навишта шудаанд ва руҳаш шоду манзили охираташ обод аст. Шахси фавтидаро дар масҷид хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида азобу машаққат надорад, зеро масҷид дар хоб ҳамчун оромӣ ва бехатарӣ таъбир мегардад. Агар шахси фавтида дар хоб имоми намози нафарони зинда бошад, пас умри ин нафарон кутоҳ мешавад, зеро онҳо дар намози худ пайрави амалҳои шахси фавтида ҳастанд. Дар ягон мавзеъ нафарони фавтидаро зинда хоб дидан маънои онро дорад, ки мардуми ин мавзеъ ба неъмату хурсандӣ ва адолат мерасанд.

Маккаи мукаррама

Дар хоб вориди Маккаи мукаррама гаштан бехатарӣ, ҳаҷ кардан ва насибаи Оллоҳ аст.

Мактуб, нома

Дар хоб дидани мактуб новобаста аз он ки фиристода ё қабул шудааст, нишонаи хуб аст. Чунин хоб аз пайғоми хуш ё дидор бо дӯстони раҳдур шаҳодат медиҳад ё нишонаи рух додани ҳодисаи хуше аст. Рафту дар хоб мактубе бо пайғоми хуш ояд, аз амалӣ гаштани амалҳои пинҳонии шахси чунин хобдида дарак медиҳад ё соҳиби боигарӣ ва зану фарзанд мегардад.

Май

Май дар хоб ин боигариест, ки бо роҳи мамнуъ ба даст омадааст. Нафаре, ки дар хобаш замини сабзу дарёи майро мебинад ва аз ин май менӯшад ё ба дарёи май медарояд, дар он дунё дохили биҳишт мегардад. Рафту дарёи майро дида, ба он ворид нагардаду аз он нанӯшад, санҷишу имтиҳони зиндагӣ азияташ медиҳад. Ҳамзамон май дар хоб гумроҳӣ ва гуноҳ аст. Агар нафаре дар хоб худаш май ё дигар машрубот омода намояд, дар корҳои бузург ширкат меварзад. Май дар хоб боз маънои ошӯб, зарар, адоват ва ғазабро дорад. Дар баъзе мавридҳо май дар хоби нафаре, ки пайваста дар ҳолати ҳаяҷону ташвиш қарор дорад, маънои косташавии ақлро дорад.

Малах

Аслан малах дар хоб азобу кулфатро маънидод мекунад. Рафту малах дар хоб ба зарф ё дег рехта шавад, таъбири он пул ё борони дарозмуддат аст. Малахи зиёдеро дар ягон мавзеъ хоб дидан маънои онро дорад, ки дар ин мавзеъ ҷангу ошӯб сар мезанад.

Маъюб

Нафаре, ки дар хобаш шахси маъюбро мебинад, аз ҷониби наздиконаш вафодорӣ мебинад ва ӯро пирии босаодат интизор аст.

Майит

Дар хоб дидани шахсе, ки дар дами марг аст, аз зиндагии хушбахтонаву босаодат шаҳодат медиҳад. Рафту нафаре дар хоб бубинад, ки фаришта (малоика) аз мӯйи сари ӯ қайчӣ карда, ба оташ мепартояд, ин маънои онро дорад, ки таҳқиру рехтани обрӯ интизораш аст.

Манора

Манора дар хоб нафаре аст, ки одамонро оштӣ дода, ба мустаҳкам сохтани дини худ даъват мекунад. Рафту нафаре хоб бинад, ки манора вайрон шудааст, ин марги олим ва афзудани ҷоҳиливу бепарвоӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш ба манораи калони чӯбин баромада, одамонро ба намоз даъват мекунад, бо вуҷуди дурӯя буданаш, ба бузургиву тавоноӣ мерасад. Ҳамзамон манора дар хоб таҷассумгари нафаре ҳаст, ки одамонро ба кори хайр даъват мекунад. Хоб дидани вайрон шудани манора дар масҷид маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида мефавтаду ӯро фаромӯш мекунанд ва нафарони ба ин масҷид меомада пароканда мешаванд. Нафаре хоб бинад, ки ба даруни манора афтидааст, барор аз ӯ рӯ метобад ва агар мард чунин хоб бинад, дар болои зани зебову худотарсаш зани босалобат мегирад.

Марворид, дур

Марворид дар хоб дониш, боигарӣ ва нутқи бурро аст. Ҳамзамон марворидро хоб дидан мутолиаи китоби муқаддаси Қуръон ва аз худ намудани дониши динӣ аст. Дар хоб фурӯхтани марворид маънои аз ёд баровардани оятҳои Қуръон аст. Нафаре, ки марворидро бо сӯзан сӯрох мекунад, муаббири Қуръон мегардад. Агар марворидро ба чоҳ, дарё ё чуқурӣ партоед, шахси машҳур мегардед. Рафту дар хобатон аз қаъри дарё ё баҳр марворид ҷамъ оваред, ин маънои онро дорад, ки шумо нони ҳалол ба даст меоред. Баъзан шумораҳои марвориди партофташуда дар хоб аз шумораи фарзандон дарак медиҳад.

Марг

Марг дар хоб нишонаи барҳам хӯрдани хушиҳои зиндагӣ аст. Баъзан он барои шахсе, ки дар ҳоли душвору қашшоқӣ қарор дорад, зиндагии серу пурро башорат медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо маргро хоб дидан ишора ба он аст, ки инсон бояд рӯзи маргашро андеша намуда, дар зиндагӣ бештар аъмоли нек анҷом диҳад. Ҳамзамон марг нишонаи эътимоди амиқ ва дониши азалӣ аст. Чандин карат мурдани худро хоб дидан нишонаи ошӯбу низоъ аст. Таъбири дигари марг дар хоб падарарӯс, аниқтараш наздикони шавҳар, истироҳату осоиш, даҳшат ва ҷангу ҷанҷол аст. Маргро хоб дидан нишонаи саёҳат низ буда метавонад. Шахси фавтидаро хандон хоб дидан маънои онро дорад, ки руҳаш дар биҳишт асту гуноҳҳояш бахшида шудаанд. Ҳамзамон барои нафаре, ки дар ҳолати тарс ё андуҳ қарор дорад, маргро хоб дидан нишонаи некро дорад. Шахси фавтидаеро ҳангоми ғарқшавӣ хоб дидан маънои дар гуноҳи худ қарқ шуданро дорад. Марги волидон дар хоб нишонаи камбудӣ дар зиндагӣ аст, марги завҷа кам шудани нерӯи ҳаёт ва аз зиндагӣ дилмонда шудани мард аст. Марги нафари бегонаро хоб дидан аз кори муҳиме пушаймон шудан аст. Марги худ ё марги нафареро хоб дидан, шахсеро дар замин мурдаву урён хоб дидан нишонаи он аст, ки ин нафар муфлис мешавад ё ба чизе сахт ниёз пайдо мекунад. Марги худро хоб дидан нишонаи дарозумрӣ аст, баъди мурдан зинда шудани худро хоб дидан маънои дар зиндагӣ даст ба гуноҳ задану пушаймон шуданро дорад. Шахсе, ки худро мурдаву дар кафан хоб мебинад, дар зиндагӣ ба комёбиҳои зиёде ноил мегардад, вале дину имонаш заиф мегардад.

Мард

Марди бегона дар хоб душман аст. Рафту мард пир бошад, шахси чунин хобдида хушбахт мегардаду дороӣ ба даст меорад. Аз то кадом андоза зебо будани мард ҳамон андоза манфиат ба даст овардан вобастагӣ дорад.

Маркаб

Хоб дидани маркаби сиҳату солим нишонаи дороии боэътимод асту маркаби заиф нишонаи фақру бенавоӣ. Дар хоб истеъмол кардани гӯшти маркаб боигарӣ ба даст овардан аст.

Марҳам

Дар хоб молидани марҳам маънои чашмпӯшӣ ва туҳмат аст, вале марҳами хушбӯй нишонаи нек аст.

Марям

Нафаре, ки Бибӣ Марям, модари ҳазрати Исоро хоб мебинад, дар миёни одамон мавқеъ ва дороии зиёдро соҳиб мешавад. Агар нафаре дар хобаш ба Бибӣ Марям саҷда намояд, ба зудӣ бо ҳокимон робита мекунад.

Масҷид

Масҷиди мустаҳкам сохташуда дар хоб таҷассумгари олиме аст, ки дар наздаш нафарони зиёде барои мадҳу ситоиши Оллоҳ ҷамъ меоянд. Нафаре хоб бинад, ки шахси ношиносе бо сабаби бемор шудани имоми масҷид имом шудааст, ин нафар реҳлат менамояд. Дар хобе, ки масҷид ба ҳаммом мубаддал гаштааст, маънои онро дорад, ки шахси пинҳонкоре ба амалҳои нораво даст мезанад.

Агар нафаре хоб бинад, ки хонааш ба масҷид мубаддал гаштааст, обрӯву нуфуз пайдо карда, одамонро ба роҳи ҳақ сафарбар менамояд. Мард дар хобаш бо анбуҳи одамон вориди масҷид шуда, дар пеши роҳи худ чоҳ бубинад, оиладор мешавад. Масҷид дар хоб маънои аз худ намудани илму дониши нави исломӣ, тақводорӣ ва порсоӣ аст. Хоб дидани масҷиди валангоршудаистода аз марги олиме ё шахси шинос дарак медиҳад. Дар хоб дар масҷид намоз хондан нишонаи хабари хуш шуниданро дорад. Барои зан чунин хоб муждаи тавлиди фарзандро дорад.

Маҳбас

Нафаре, ки дар хоб аз маҳбас мегурезад, аз беморӣ раҳо меёбад. Шахсе, ки худро бо дастони баста дар зиндон хоб мебинад, дучори нохушӣ мегардад, худро дар маҳбас парешону ранҷур хоб дидан далолати он аст, ки шахси хобдида хушиву хурсандиро ба наздикӣ намебинад. Шахси бемор ё ғамгин аз маҳбаси ношинос ё хонаи танг берун шавад, дар бедорӣ дардаш сабук мегардад. Нафаре, ки дар хоб ба маҳбас меафтад, дар бедорӣ бемору андуҳгин мегардад. Баъзе уламо бар онанд, ки худро дар маҳбас хоб дидан нишонаи дарозумрӣ аст.

Маҳбасӣ, зиндоншавӣ

Маҳбасӣ ва зиндоншавӣ дар хоб ин таҳқир ва ғамхорӣ аст. Дар хоб дидани хонаи ношиносу маҳкам ин марг ва қабр аст.

Маҳбус

Дар хоб дидани шахси зиндонӣ нишонаи он аст, ки шуморо нохушиҳо интизоранд.

Маҷлис

Маҷлиси уламо дар хоб нишонаи афзун гаштани илму дониши шахси хобдида аст. Шахсе, ки дар хобаш барои ҷамъомадагон вазъу хутба мехонаду онро ба охир мерасонад, орзуву умедҳояш дар зиндагӣ амалӣ мешаванд.

Машъал

Нафаре, ки машъал хоб мебинад, дар бедорӣ намози таҳаҷҷуд мегузорад. Рафту оиладор бошад, пас дар зиндагияш воқеаи тақдирсозе рух медиҳад, зеро торикӣ дар хоб парешонӣ асту равшанӣ ишора ба сафар аст.

Мева

Дар хоб дидани меваи ширин нишонаи ба лутфи Оллоҳ мушарраф гардидан ва фоидаву дониши даркорӣ ба даст овардан аст. Меваи турш дар хоб дороии бо роҳи пургуноҳ ба даст овардашуда аст, рафту шахси бемор меваи турш хоб бинад, беморияш хурӯҷ мекунад.

Таъбири дигари мева дар хоб издивоҷ аст. Ҳамзамон мева барои камбизоатон боигарӣ асту барои сарватмандон афзун гаштани боигарӣ. Нафаре, ки ба сару рӯйи худ афтидани меваро хоб мебинад, бо некиву худотарсӣ ном мебарорад. Ҳама гуна меваи зард дар хоб ҳамчун беморӣ таъбир мегардад. Меваи сабз дар хоб боигариест, ки афзун намегардад.

Мевафурӯш

Мевафурӯш шахси дилпуре аст, ки амонат ва сиру асрори дигаронро маҳфуз нигоҳ медорад. Дар баъзе ҳолатҳо мевафурӯш дар хоб ба фарзанду зан, маблағ ва даромади пулӣ ишора мекунад.

Мех

Дар хоб дидани мех ин нафаре аст, ки дигарон бо кӯмаки ӯ ба мақсад мерасанд.

Меҳмонхона

Меҳмонхона дар хоб ҳамчун сафару саёҳат таъбир мегардад.

Меҳмон

Дар хоб дидани меҳмон хабари тавлид ёфтани писарча аст. Нафаре, ки дар хобаш меҳмонро хоб мебинад, вале зани ҳомила надорад, аз Худованд насиба мегирад. Лату куб кардани меҳмон аз ҷониби нафаре ҳарфи дурӯғ шунидан асту андуҳ дидан аст. Ба меҳмонӣ даъват шудан маънои онро дорад, ки шахси муддати мадид набуда бармегардад.

Меҳроб (тоқчаи масҷид)

Меҳроб дар хоб зан, боигарӣ ва фарзанд аст. Нафаре, ки дар хобаш дар меҳроб намоз мехонад, шаҳодати муждаи нек аст. Агар зан чунин хоб бинад, писар таваллуд мекунад. Дар хоб агар вақти намоз набошаду дар меҳроб намоз хонда шавад, насли шахси чунин хобдидаро неъматҳо интизор аст. Марде, ки дар хобаш дар меҳроб як қатра, ду қатра ё се қатра пешоб мекунад, ҳар як қатраи пешоби кардааш писари олиму донишманди ӯ асту меҳроб бошад, имомхатиб аст.

Модар

Модари худро хоб дидан маънои раҳму дилсӯзӣ ва аз мушкилиҳо халос шуданро дорад.

Моли қурбонишуда, иди Қурбон

Забҳи мол ва иди Қурбонро хоб дидан маънои назр кардан ва аз мушкилиҳо раҳо намуданро дорад. Агар шахсе қарздор бошаду дар хоб чорпоеро қурбонӣ кунад, қарзҳои худро мепардозад. Рафту шахси чунин хобдида камбағал бошад, сарватманд мегардад, агар аз чизе ташвиш дошт, ташвишаш рафъ мегардад, агар зиёрати ҳаҷ накарда бошад, ба мақсади худ мерасад, агар ғаму андуҳ дошта бошад, Оллоҳ мусибаташро рафъ месозад.

Моҳӣ

Рафту шумораи моҳӣ дар хоб муайян бошад, таъбири ин хоб зан аст, агар шумораи моҳӣ номуайян бошад, пас чунин хоб ҳамчун боигарӣ ва даромади пулӣ таъбир мегардад. Моҳии зинда дар хоб духтари бикр аст. Шахсе, ки дар хоб моҳӣ меқапад, тавассути меҳнати сангин боигарӣ ба даст меорад. Моҳича дар хоб нишонаи ғаму андуҳ аст. Хоб дидани шӯрмоҳӣ нишонаи аз ҷониби бародар ё шахси мансабдоре ғаму кулфат дидан аст. Дар баъзе сарчашмаҳо дар хоб истеъмол кардани моҳии шӯр маънои онро дорад, ки дар ҳаётатон ҳодисаи хубе сар мезанад. Моҳии бирён дар хоб нишонаи ба даст овардани илму дониш аст. Нафаре, ки дар хоб моҳӣ бирён мекунад, ба кори бефоидае маблағи зиёд сарф мекунад ё пулаш беҳуда харҷ мегардад. Истеъмоли моҳибирён дар хоб аз рух додани нофаҳмиву низои оилавӣ дарак медиҳад.

Моҳигир

Нафаре, ки дар хоб бо шаст моҳӣ меқапад, дар бедорӣ бурдборӣ ва комёбӣ насибаш мегардад.

Милиса

Хоб дидани корманди пулис бо ёрдамчиёнаш ҳушдор аз сар задани хатару азоб, тарсу ҳарос аст.

Минбар

Нафаре, ки дар хобаш аз минбар сухани нек ба забон меорад, ба пояи роҳбарӣ ва қудрат мерасад.

Меҳрубонӣ, раҳмдилӣ

Нафаре дар хобаш ба нотавоне раҳмдилӣ намояд, аз лутфу марҳамати Оллоҳ бонасиб мегардад. Агар нафари дигаре дар хобатон ба шумо меҳрубонӣ зоҳир намояд, пас шахси некӯкор ҳастед.

Момодоя

Момодояро дар хоб дидан бозгӯи он аст, ки шахси маҳкуме аз зиндон озод мегардад ва инсон аз ташвишу душвориҳо халос мегардад.

Мор

Мор дар хоб душмани сарватманд аст. Агар дар хоб мор ба хонаатон ворид гардад, пас душмани шумо бар зиддатон ҳиллаву найрангро ба кор мебарад. Морро дар хоб куштан бар душмани худ ғолиб омадан аст. Агар мард дар хобаш морро дар бистари худ нобуд созад, завҷааш вафот мекунад. Дар хонаи худ мори бисёрро хоб дидану натарсидан бо душманон ва нафарони аз пайи ҳавову ҳавас равонабуда вохӯрдан аст. Мори мурдаро хоб дидан маънои онро дорад, ки Худованд душмани шахси чунин хоб дидаро бе ягон душворӣ бартараф месозад. Рафту мор дар хоб ба хонаатон дарояду зараре нарасонад, душманони шумо аз шумораи наздикон ва хешовандонатон ҳастанд. Фашшоси мор аз ақибгардии душмани мағлубнашуда огоҳ менамояд. Дар хоб морро ба дасти худ гирифтан маънидодкунандаи он аст, ки душманон ба шумо зарар расонида наметавонанд. Нафаре, ки дар хоб гӯшти морро истеъмол мекунад, аз душмани худ пул мегирад.

Мори афъӣ

Мори афъӣ аксаран ба муноқиша ва хусумату адоват бо нафаре аз наздикон, фарзандон ва ҳамсафари ҳаётӣ ишора мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо мори афъӣ ифодакунандаи ҳамсояи зараррасон ва бахил аст.

Морбоз

Морбоз, ҳуққабоз, кордбоз дар хоб аз робита ва дӯстӣ бо нафарони бад, хушомад ва тамаллуқкорӣ бо душманон шаҳодат медиҳад.

Мӯзадӯз

Мӯзадӯз дар хоб нафаре аст, ки бо корҳои занона машғул мешавад, баъзан мӯзадӯз дар хоб ба маънои боғбон меояд.

Мӯй дар бадан

Нафаре, ки дар хоб дар кафи даст ва тамоми рӯйи худ мӯй мебинад, қарздор мешавад. Мӯй дар дигар аъзои бадан нишонаи боигарӣ аст. Агар шахси тоҷир дар хоб мӯйи худро дароз бубинад, дороияш дучанд мегардад. Ҳамзамон мӯйи кутоҳ ба кам шудани давлат ишора мекунад. Агар нафаре дар хоб мӯйи баданашро бо оҳак тоза кунад, агар бой бошад, муфлис мешавад, агар камбағал бошад, бой мешавад. Рафту мушкиливу ташвиш дошта бошад, рафъ мегардад, бемор бошад, шифо меёбад, қарздор бошад, қарзашро бармегардонад.

Мӯй дар сар нишонаи боигарӣ ва дарозумрист. Бофтани мӯй дар хоб нишонаи амалӣ шудани корҳо ва молу мулки худро аз зиёну зарар ҳифз намудан аст. Агар нафаре дар хоб бубинад, ки мӯйи сараш дар моҳҳои ҳаҷ неву дигар моҳ тарошида шудааст, аз боигарӣ маҳрум мегардад ё давлати роҳбари худро нобуд месозад. Дар хоб дидани мӯйи тарошидаи сар нишонаи хуб аст, шахси чунин хобдида ба ҳаҷ меравад, ба шарте, ки дар моҳи ҳаҷ хоб дида бошад. Агар нафаре аз соҳибкорон мӯйи худро дароз бубинад, тиҷораташ афзун мегардад. Мӯйи сари худро дар хоб сафед дидан нишонаи расидан ба обрӯву нуфуз аст, агар нафари сарсафед мӯйи сари худро сиёҳ бубинад, мавқеяш дар зиндагӣ тағйир меёбад.

Шона кардани мӯй ва риш дар хоб раҳо ёфтан аз ғаму андуҳ, баргардонидани қарз ва ба орзуҳо расидан аст. Кандан ё чидани мӯйи сафед маънои ба маслиҳати калонсолон гӯш накардан аст. Агар нафари камбизоат дар хоб сари худро сафед бубинад, қарздор мешавад ё ба маҳбас меафтад. Зан сари худро сафед бубинад, шавҳараш занбозӣ мекунад ё ба зани дигаре ошиқ мешавад. Марди зандор мӯйи пешонии худро дароз бубинад, зиндагии хуш насибаш мегардад, марди бе зан чунин хоб бубинад, зани зебову порсое меёбад. Дар хоб зани бе мӯйро хоб дидан нишонаи сар задани муноқиша аст.

Мӯина

Мӯина пӯшидан дар хоб дар фасли зимистон нишонаи боигарӣ ва некӣ асту дар тобистон нишонаи андуҳ. Мӯина ва пӯсти ҳайвоноти ваҳширо хоб дидан нишонаи бо афроди золим робита кардан аст. Либоси мӯинадор пӯшидан нишонаи ба одамон роҳбарӣ кардан аст. Либоси нави мӯинадорро дар хоб чаппа пӯшидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дороии худро пинҳон кардан мехоҳад. Пӯст ва мӯинаи ҳайвоноти хонагӣ аз беҳбудии зиндагӣ дарак медиҳад.

Мӯйсафед

Хоб дидани мӯйсафед нишонаи пайдо намудани дӯсти содиқро дорад. Ҷавоне, ки худро мӯйсафед хоб мебинад, донишманду хушахлоқ мегардад. Мӯйсафеди нуронӣ дар хоб баракати зиндагӣ ва дарозумрӣ аст.

Мӯйлаб

Дар хоб қайчӣ задани мӯйлаб нишонаи риоя намудани суннатҳо аст. Мӯйлаби худро дарозу ғафс хоб дидан маънои онро дорад, ки дар зиндагии шахси хобдида ҳодисаи ногуворе сар мезанад.

Мӯмиё (мурдаи қоқшуда)

Мурдаи қоқшуда дар хоб барои шахси гунаҳкор нишонаи пушаймонӣ, тавбаву надомат асту барои шахси ғамгину аламзада шаҳодати хурсандӣ ва осудагӣ.

Муноқиша, низоъ, баҳс

Баҳсу муноқиша дар хоб ишора ба бадбахтӣ, ташвиш ва ошӯб аст. Шахсе, ки дар хобаш баҳс мекунад, дучори бадбахтиву андӯҳ мегардад.

Мурғи қу

Мурғи қу дар хоб нишонаи дороии бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда аст.

Мурғобӣ

Нафаре, ки мурғобӣ хоб мебинад, дар зиндагӣ тақводору порсо мегардад ва аз бадиҳо эмин мемонад. Дар хоб бо мурғобӣ гап задан нишонаи аз зане некӣ дидан аст.

Мурда

Худро дар миёни мурдагон зинда хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар байни дурӯягоне умр ба сар мебарад, ки қалбҳояшон ҳарфи ҳақро дарк намекунад. Худро дар миёни мурдагон мурда хоб дидан маънои аз ягон навигарӣ фавтидан ё ба роҳи дуре баромадану барнагаштанро дорад. Дар хоб мурдаро қапидан қурбони амали нафратангезу разилона шудан аст. Мурдаро бардошта бурдан дар хоб ба боигарӣ расидан аст. Мурдаро ҳамроҳӣ кардан маънои ба роҳи дур баромадан ва он ҷо неъмат ба даст оварданро дорад.

Мӯрча

Мӯрча дар хоб ҳамчун мардуми заиф таъбир мегардад. Шахси бемор дар бадани худ мӯрча хоб бинад, вафот мекунад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нишонаи серҳосилӣ ва насибаи Оллоҳ аст. Нафаре, ки ба хонаи худ даромадани мӯрчаро хоб бинад, бурдбориву неъмат ба манзилаш ворид мегардад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нафаре аст, ки меҳнати зиёд мекунаду ба дӯсти худ фоида мерасонад. Нафаре хоб бинад, ки мӯрча аз манзилаш чизеро мебарад, ҳама чиро аз даст дода, қашшоқ гашта метавонад. Мӯрчаро дар мӯрчахона хоб дидан, рамзи хушбахтӣ ва хушҳолии оилавӣ аст. Рафту аз мӯрчахона мӯрчаи зиёде берун ояд, чунин хоб нишонаи сар задани бадбахтиву мушкилиҳо аст.

Таъбири дигари мӯрча дар хоб нишонаи душворӣ кашидан дар роҳи илмомӯзӣ ва майл ба баҳсу мунозира доштан аст. Мӯрчаро дар халта, сумка ё асои худ хоб дидан далолати марг аст.

Муҳаббат

Ишқу муҳаббат дар хоб санҷишу имтиҳон аст. Мард агар дар хобаш ба духтаре ошиқ шавад, ӯро дар зиндагӣ санҷиш интизор аст. Чунин муҳаббат нишонаи ғаму андуҳ аст, зеро ошиқон ҳамеша маҳзуну андуҳгин мегарданд. Дар хоб ба шахси зебо ошиқ шудан шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида бо нафари баобрӯ ва муътабар шинос мешавад.

Муҳориба, ҷанг

Дар хоб дидани муҳорибаву ҷанг маънои муноқишаву бадбиниро дорад.

Муфлисшавӣ

Нафаре, ки дар хоб худро муфлис мебинад, имонаш заиф гаштааст.

Муш

Муш дар хоб зани гунаҳкору осӣ аст, ки пайваста даст ба дуздӣ мезанад. Чирроси муш ё калламуш аз зарари шахси бадкирдору дузд ва фиребгар медиҳад. Ба хонаи худ даромадани мушро хоб дидан маънои анҷом ёфтани зиндагии босаодат аст. Мушҳои зиёди сафеду сиёҳ нишонаи он аст, ки шумо шабу рӯзи худро бе фоида сипарӣ менамоед.

Мушк, атри мушкдор

Мушк дар хоб ба зиндагии гуворо ва неъматҳо барои нафаре аст, ки онро бӯй мекашад.

Мӯйи сафед

Ҷавоне, ки сари худро сафедшуда хоб мебинад, мақому мартаба ба даст меорад, ҳамзамон чунин хоб ба заифӣ ва нотавонӣ ишора мекунад ва баъзан ҳамчун дарозумрӣ таъбир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
Дилафруз 2023-03-27, 14:36
Хоб дидамки аз шавхарам чудо мншавам шавхарам хам хоб мебенад Ки аз ман чудо мешавад ин уже чан Дин бор дар хоб дидани чудо шави зану шавхар чи Мано дорад.
Посух
Маъруф 2023-03-28, 07:44
Агар дар хоб занатро бо марди бегона бини таъбираш чист
Посух
Маъруф 2023-03-28, 07:51
Агар дар хобат занатро бо марди бегона бини таъбираш чист.
Посух
Сафар 2023-04-08, 08:54
Муй рехта
Посух
Беха 2023-04-09, 02:51
Точикисто
Посух
Бехруз 2023-04-09, 02:51
Истаравшан
Посух
Алишер 2023-05-13, 15:01
Мург Хун кардан
Посух
Райхона 2023-05-18, 13:05
Партов (мусор)дар хоб чист?
Посух
Нурбону 2023-10-15, 12:43
Мактаб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(9)
Дилафруз 2023-03-27, 14:36
Хоб дидамки аз шавхарам чудо мншавам шавхарам хам хоб мебенад Ки аз ман чудо мешавад ин уже чан Дин бор дар хоб дидани чудо шави зану шавхар чи Мано дорад.
Посух
Маъруф 2023-03-28, 07:44
Агар дар хоб занатро бо марди бегона бини таъбираш чист
Посух
Маъруф 2023-03-28, 07:51
Агар дар хобат занатро бо марди бегона бини таъбираш чист.
Посух
Сафар 2023-04-08, 08:54
Муй рехта
Посух
Беха 2023-04-09, 02:51
Точикисто
Посух
Бехруз 2023-04-09, 02:51
Истаравшан
Посух
Алишер 2023-05-13, 15:01
Мург Хун кардан
Посух
Райхона 2023-05-18, 13:05
Партов (мусор)дар хоб чист?
Посух
Нурбону 2023-10-15, 12:43
Мактаб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД