sebiston july new
ФАРИШТАРО АВВАЛ ШИНОС КАРДУ БАЪД КАШИДА ГИРИФТ
23.11.2020
Р. Азимӣ
5747

Салом ба кормандони «Оила». Рамазон ҳастам, бо шумо дар тамосам. Алҳол сокини шаҳри Норак ҳастам ва духтареро дӯст медорам аз шаҳри Душанбе. Исмаш Фаришта, амсоли фариштаҳои осмон зебову дилкаш аст. Худотарсу бомаънӣ аст.

Бо ӯ муддати шаш моҳ вохӯрӣ доштем, баъд ман ба зодгоҳам баргаштам. Маро бо Фаришта ҳамсабақам Абӯбакр шинос карда буд. Ба воситаи ҳамин дӯстам ман Фариштаи ҳақиқиро ёфтам, вале дар як моҳи аз бонуи писандидаам дур будан Абӯбакр ба ман занг зада дар бораи ӯ чунон гапҳоеро гуфт, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеоянд. «Фаришта бо ман ишқварзӣ мекунад, ту бошӣ ҳоло ҳам аз паси ӯ ҳастӣ»,- мегуфт Абубакр гаштаю баргашта. Гумон кардам, ки дӯстам бо чунин ҳиллаю найрангҳои аблаҳона байни ману Фаришта ҷудоӣ андохтан мехоҳад ва рӯзе барои санҷиш ба Фаришта занг зада гуфтам:

«Фирефтаи ҳардуи шумо бехудоён шудам, вале билохира чеҳраи аслиатро нишон дода ба ман хиёнатро раво донистӣ. Ҳайфи ту! Бовар намекардам, ки бо як хиёнаткор аҳди муҳаббат бастаам…»

Ҳадафам аз ин суханон танҳо санҷидани Фаришта буд ва интизор доштам, ки дар ҷавоб ҳатман девона шудаӣ мегӯяд, аммо хаёлам хом баромад. Фаришта бе ягон шарму ҳаё бидирос зад: «Беҳуда сарамро гаранг накун, ту дигар барои ман ҳеҷ кас нестӣ! Абӯбакр ба ман ваъда дод, ки маро хушбахттарин зани дунё месозад…»

Вақте ки ба худ омадам, аллакай маҳбубаи бевафоям телефонро хомӯш карда буд. Акнун фаҳмидам, ки шайтонеро фаришта пиндошта диламро ба кафаш ниҳода будаам. Афсӯс!

Рамазони фиребхӯрда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД