Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз дар нимаи рӯз эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки ба зудӣ дар ҳаёти шумо ҷойи муҳим пайдо мекунад. Пеш аз қабули қарорҳо маълумотро бодиққат санҷед, зеро маслиҳати нодуруст метавонад боиси иштибоҳ ва нофаҳмӣ дар оила гардад. Барои пешрафти кор ва беҳтар шудани вазъи молиявӣ меҳнату кӯшиши зиёд лозим аст. Даромаду хароҷоти худро дуруст ҳисоб кунед. Ба нишонаҳои бемориҳои кӯҳна ва ҷароҳатҳои пешина беэътиноӣ накунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар дар ҷустуҷӯи ҳамсафари зиндагӣ бошед, бештар бо одамон муошират кунед ва дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намоед. Дар оила роҳбар будан на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти зиёд низ дорад. Барои исботи фикри худ асабонӣ нашавед, зеро ин метавонад муносибатҳоро вайрон кунад. Ҳангоми харид эҳтиёт бошед ва барои моли қалбакӣ пули зиёд надиҳед. Агар худро бад ҳис кунед, ба саломатӣ аҳамият диҳед ва табобатро ба таъхир нагузоред.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз якравӣ ва худро идора карда натавонистан метавонад боиси мушкилӣ гардад. Ба наздиконатон бештар вақт ҷудо кунед, то худро танҳо ва нолозим эҳсос накунанд. Аз оғози корҳои нав натарсед ва ҳангоми қабули қарор ба ҳисси ботинии худ низ такя кунед. Беҳтараш аз пули худ истифода баред ва бо қарзҳои нав худро ба мушкил наандозед. Дар моҳҳои оянда вазъи даромадатон метавонад беҳтар шавад. Ҳангоми кор бо ашёи тез эҳтиёт кунед, то осеб набинед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Муносибатҳои шахсии худро аз дахолати дигарон ҳифз кунед, на ҳама атрофиён хайрхоҳи шумо ҳастанд. Имрӯз ба аҳли оила бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунед, ба суханони онҳо гӯш диҳед ва дар ҳолати зарурӣ дастгирӣ намоед. Агар касе шуморо ба баҳс кашиданӣ шавад, ба иғво дода нашавед. Дар корҳои тиҷоратӣ бо масъулият амал кунед, зеро барои амалӣ кардани нақшаҳои дерина имкони хуб пайдо мешавад. Машғул шудан ба варзиш низ ба шумо нерую таровати тоза мебахшад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар муносибатҳои шахсӣ самимӣ бошед ва эҳсосу хоҳишҳои худро ошкоро баён кунед. Аз нофаҳмиҳои хурди оилавӣ зиёд ғам нахӯред. Дар ҷойи кор вазъ хуб мешавад ва роҳбар аз фаъолияти шумо қаноатманд хоҳад буд. Имрӯз барои аз нав дида баромадани нақшаҳо ва арзёбии корҳои анҷомдода мувофиқ аст. Қарорҳои саросемавӣ метавонанд мушкил эҷод кунанд, бинобар ин шитоб накунед. Дар нимаи дуюми рӯз ба пешгирии бемориҳои вирусӣ ва ҳифзи саломатӣ диққат диҳед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар ҳанӯз ҳамсафари зиндагӣ надошта бошед, эҳтимол аст бо шахси ҷолиб шинос шавед. Аммо ваъдаҳои калон надиҳед, то баъд дар ҳолати ногувор намонед. Бо наздикон баҳс накунед, зеро суҳбати носозгор метавонад мушкилро бештар кунад. Эҳтимол аст, ки сафари ногаҳонии корӣ ё санҷиши ғайринақшавӣ реҷаи муқаррарии шуморо тағйир диҳад. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ аз рӯйи нақша кор кунед ва лоиҳаи навро оғоз намоед. Кӯшиш кунед оромии худро нигоҳ доред ва бо парҳези сахт баданро заиф насозед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз эҳтимол бо шахси нав шинос шавед ва аз ӯ суханони хуш шунавед. Бо вуҷуди ин, барои истироҳат ва оромӣ низ вақт ҷудо кунед. Дар муҳити оилавӣ суҳбатҳои самимӣ ба шумо неру мебахшанд. Кайфияти болида барои бартараф кардани мушкилиҳои рӯзмарра ёрӣ мерасонад. Дар корҳоятон пешравӣ эҳтимол дорад ва бо истифода аз зеҳну хушмуомилагӣ метавонед ба зинаи баландтари касбӣ расед. Аз хароҷоти нолозим даст кашед. Барои интихоби витаминҳои мувофиқ бо духтур маслиҳат кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз шахсе метавонад диққати шуморо ба худ ҷалб кунад. Агар ӯ ба шумо писанд ояд, кӯшиш кунед таваҷҷуҳашро ба даст оред. Ба аҳли оила ва наздикон ғамхорӣ кунед, то муносибатҳои хонаводагӣ боз ҳам беҳтар шаванд. Барои ором кардани фикру эҳсосот каме вақт ҷудо кунед. Дар кор шахсоне, ки бо ҳисобу китоб сарукор доранд, метавонанд натиҷаи хуб ба даст оранд. Барои одамони эҷодкор низ рӯзи пурилҳом аст. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақияти калонро интизор нашавед ва хароҷотро бодиққат ба нақша гиред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз вақти муносиб барои ошкор кардани тамоми сирру эҳсосоти шахсӣ нест. Ба ҳар кас бовар накунед, то дигарон аз суханони шумо барои ғайбат истифода набаранд. Дар муносибат бо атрофиён хирадманд бошед ва дар мавриди зарурӣ гузашт кунед. Дар ҷойи кор қобилияти гуфтушунид ва боодобона ҳал кардани масъалаҳо ба шумо лозим мешавад. Агар кайҳо боз оғози кори навро ба нақша гирифта бошед, имрӯз вақти хубест барои амалӣ кардани он. Барои раҳо шудан аз хастагӣ муҳити худро тағйир диҳед ва ба машғулиятҳои варзишӣ ё истироҳатӣ рӯ оред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз мулоқоти ошиқона метавонад хеле хотирмон гузарад. Агар танҳо бошед, ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ равед, зеро эҳтимол аст бо шахси хушмуомила шинос шавед. Дар давоми рӯз одамони наву шиносҳои пешина бо шумо тамос мегиранд. Баъзе ҳолатҳо аз шумо зиракиву чолокӣ талаб мекунанд, аммо метавонед роҳи ҳалли муносиб пайдо намоед. Корҳои ба нақша гирифтаатон хуб пеш мераванд ва ҳисси ботинӣ дар қабули қарорҳо ёрӣ мерасонад. Барои нигоҳ доштани неруи бадан ба варзиш, гимнастика ё йога машғул шавед, вале аз бардоштани вазнҳои зиёд худдорӣ кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Нагузоред, ки эҳсосоти ошиқона шуморо водор созанд, ки ба ҳар хоҳиши шахси дӯстдоштаатон беандеша розӣ шавед. Имрӯз барои тоза кардани хона, ба тартиб даровардани ашё ва халос шудан аз чизҳои нолозим рӯзи мувофиқ аст. Ба ҳар гуна овозаю ғайбат аҳамияти зиёд надиҳед, ин метавонад табъи шуморо хира кунад. Қарорҳои ҷиддию саросемавӣ қабул накунед: ҳатто амали нек метавонад натиҷаи баръакс диҳад. Агар ба аллергия гирифтор шавед, ба саломатӣ диққат диҳед ва аз хӯрокҳои ношинос худдорӣ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Мулоқоти ошиқонаи имрӯза метавонад хотирмон гардад, хусусан агар барои таҷрибаи нав омода бошед. Агар ҳамеша хоҳиши худро ба дигарон бор карданӣ бошед, эҳтимол аст бо норозигии ҳамсаратон рӯ ба рӯ шавед. Баъзан гузашт кардан муносибатҳоро беҳтар мекунад. Дар ҷойи кор аз ҳамкорони ботаҷриба маслиҳат пурсед, то ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Агар пули кофӣ надошта бошед, хариди калонро ба таъхир гузоред ва барои он қарз нагиред. Имрӯз худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед.