sebiston july new
Фоҳишаҳо писарамро бе падар карданд!
3601

 

Ману шавҳарам зиндагии ширине доштем, вале баъди тавлиди писарам Тоҳирҷон рафтори Нурулло якбора тағйир ёфта, дамдузду хаёлӣ шуда монд.

Дигар мисли пештара аз забонаш шаҳду шакар намерехт, меҳрубонї намекард, умуман ба ману фарзандам аҳамият намедод, ҷисман бо мо буду хаёлан дар ким-куҷои дигар. Хуллас, Нурулло бо ман буду аз ман набуд. Сабаби парешониашро пурсам, ҷанҷол мекарду суханҳои қабеҳ мегуфт. Ба хотири кадом гуноҳам маро дашном медод, намедонистам, вале лаб зери дандон гирифта тоқат мекардам. Хусуру хушдоманам қариб ҳар рӯз писарашонро насиҳат мекарданд, аммо панду андарзи волидонаш аз як гӯши шавҳарам даромада, аз гӯши дигараш мисли бод баромада мерафт. Оҳиста-оҳиста ба майнӯшӣ сар кард. Масту аласт ба хона меомад ва ҳар чизро баҳна карда, бањудаю бењуда маро лату кӯбам мекард, азоб медод. Зиндагиам талх гашта ба зиндон шабеҳ гашт. Аммо ба ҳамааш тоқат мекардам, ба умеде, ки рӯзе шавҳарам ба худ меояд. «Ба шаҳр коркунӣ меравам»,- гуфта, боре чанд рӯз бедарак шуд. Сахт ба ташвиш афтода, хеле ҷустуҷӯяш кардем, аммо ягон рафиқаш намедонист, ки Нурулло дар куҷосту чӣ кор мекунад. Як ҳафта пас шавҳарам мисли дузд нимашаб ба хона омад ва нӯг-нӯги по қадам зада, ба ҳуҷраи хобамон даромад. Бо чеҳраи кушод пешвозаш гирифтам, агарчи дил даруни синаам мотам дошт. Дарҳол сару либоси тозааш дода гуфтам, ки либосҳояшро иваз кунад ва худам аз паи оростани дастурхон шудам. Вақте ки шавҳарам либосашро иваз мекард, тасодуфан чашмам ба баданаш афтиду ҳуш аз сарам парид. Кундаи синаи Нурулло сиёҳу кабуд ва сар то пояш пур аз изи дандон буд. Ба назар чунин мерасид, ки гўё шавҳарамро кадом саги гизала бераҳмона хоида бошад. Ин чист гуфа пурсидаму ба бало гирифтор гаштам, Нурулло маро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора зад.

Хулоса, аз мушту галади шавҳари бевабозам тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Шабро чӣ гуна саҳар кардам, худам медонаму Худованд.

Субҳ ҳодисаро бо чашми гирён ба хусуру хушдоманам нақл кардам, то ки писарашонро насиҳат кунанд. Бечора пиру кампир “занак лухтак барин хушрӯю бачаҳоят гул барин зебо, охир ба ту чӣ намерасад, ки аз паси ким-кадом фоҳиша давида мегардӣ” гӯён, Нуруллоро хеле сарзаниш намуданд. Шавҳарам ба суханони падару модараш хомӯшона гӯш дода, дар ҷавоб чизе намегуфт. Гумон кардам, ки Нурулло аз кори кардааш пушаймон шудааст, аммо хаёлам хом баромад.

Рӯзи дигар шавҳарам ба касе чизе нагуфта аз хона баромаду бо ҳамин тамоман бедарак шуд. Падараш аз доғи яккафарзанд ба сактаи дил гирифтор шуд. Гаштаю баргашта ба Нурулло занг мезадем, вале телефонаш хомӯш буд.

Аз ҳамсояҳо қарз гирифта, барои хусурам дорую дармону барои рӯзгор озуқаворӣ мехаридем. Зиндагиамон рӯз то рӯз душвортару ҳоламон танг мешуд. Ҳамсояе намонд, ки аз ӯ пул напурсида бошем. Ба ҷонам зада буд чунин зиндагӣ вале бо умеди баргаштани шавҳарам тоқат мекардам. Дидам, ки намешавад, аз паси савдо шудам. Шир, помидор, бодиринг ва дигар сабзавоти тару тозаро аз деҳа ба деҳаҳои дигар бурда мефурӯхтам. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста қарзҳои гирифтаамро баргардондам.

Хулоса, аз байн ҳафт сол гузашту аз Нурулло дарак нашуд. Дилам ба ҳоли писарам месӯхт, ки дар хонаи падар бе падар мактабхон шуд. Ниҳоят тоқатам тоқ шуду ба хушдоманам гуфтам, ки ба хона меравам.

-Нурулло моро партофта рафт, ту ҳам меравӣ?! -гӯён оби дида резонд. Хусурам ҳам “Дар фироқи Нурулло намурдам, вале дар фироқи рӯйи писараш мемурам” -гуфта хуб гирист.

Ваъда додам, ки ҳар ҳафта онҳоро хабаргирӣ меоям ва бодуои неки пиру кампир ба хонаи падару модарам баргаштам.

Инак, 20 сол мешавад, ки мани шӯдори бе шӯ роҳи шавҳарамро мепоям. «Зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад! Санги вазнинро об намебарад. Нурулло ҷавобатро надодааст. Ҳар куҷое бошад, як рӯз не, як рӯз ҳатман ба суроғи тую писараш меояд», -гӯён наздиконам тасалло медиҳандам, аммо сабту тоқат ҳам ҳадду ҳудуд дорад.


Ренген нишон дод, ки ҷисми кӯдак пур аз сӯзан аст. Табибон 17 сӯзанро дар меъда, 33- тои дигарро дар гардану пойҳои кӯдак пайдо карданд.

 


Ман то ҳол ҳар ҳафта ба хонаи волидони шавҳарам рафта, аз ҳоли пиру кампир хабар мегирам. Ба хусуру хушдоманам озуқаворию сару либос бурда, дуои некашонро мегирам. Ҳар дафъаи ба дидорбинӣ рафтанам падару модари Нурулло барои гуноҳи нобахшидании яккаписарашон аз ман узр мепурсанд. Ҳоли пиру кампирро дида, ҷигархун мешавам. Дилам ба хусуру хушдоманам месӯзад, чунки рӯзгори душворе доранд. Ростӣ, ҳоли худам ҳам аз ҳоли онҳо бењтар нест. Дар хонаи падар будани ману писарам ба янгаҳоям намефорад. Таъна мезананд, талху пичинг мегӯянд. Дарун-дарун хун мехӯрам, аммо чора надорам. Ба қавле замин сахту осмон баланд аст. Дар беморхонае фаррош шуда кор мекунам. Писарамро бо нони ҳалол ба камол расондам. Тоҳирҷонам мактаби миёнаро хатм карда, донишҷӯ шуд. Дар донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода мехонад. Ҳар субҳ аз меҳнати ҳалолам ба дасташ каму беш пул медиҳам. Вақташ хуш аз рухсорам бӯсида ба дарс меравад. Интизорам, ки кай Нурулло меояду писари қадрасашро мебинад! 

Мақсудаи чашминтизор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД