35 years of independency
Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон ва Корея дар Сеул
155

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор гашт.

Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони Корея иштирок намуда, имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба густариши ҳамкории сармоягузорӣ дар бахши саноат ва коркарди маъдан, энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо байни Тоҷикистон ва Корея суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми форум якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Корея мусоидат менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД