sebiston july new
Гадодухтари покдоман арӯси бойбача шуд
20.02.2022
оила
3644

 

Нони қоқ доред?
Соҳиб писари ягонаи тоҷирони муваффақ аст, волидонаш ба тиҷорати дору сару кор доранд. Соҳиб низ пайи касби волидон рафта, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав нозукиҳои илми тибро меомўзад. ҷавон тобистонҳоро бесаброна мунтазир мешуд, зеро ба таътил мебаромаду ду моҳи дароз аз дидори волидайн, ёру ошно ва аз ҳама муҳимаш ватани азизаш сер мешуд…
Як рўзи гарми тобистон Соҳиб фориғ аз ташвишҳои зиндагӣ дар рўйи кати пурнақшу нигори зери хавозаи ангур дароз кашида, китоб мехонд. Падару модараш дар хона набуданд, дар ҳавлии калони сеошёна ў бо хизматгорзан Гулнор-хола танҳо буд. Хола дар ошхона ҷунбуҷӯл дошт, ки занги дарвозаашонро касе зад. ҷавон хеста дарро кушод, пушти дар паридухтаре бо чашмони кабуди обияш ба вай менигарист. Духтар як каме шарм дошта, сарашро ба зер афканд ва гуфт:
-Нони қоқ надоред?
Соҳиб мисли афсуншудаҳо ба духтарак менигарист ва лаҳзае пас даст ба ҷайб бурда, аз он ҷо як панҷоҳсомона бароварда, ба духтарак дароз кард. Аммо духтарак “лозим не” гӯён, аз наздаш дур шуд…
Соҳиб дарвозаро маҳкам карда, ба ошхона даромаду қиссаи нозанини нони қоқталабро ба Гулнор-хола нақл кард…
-ҳа, Шамимаро мегўӣ, ин духтарак ба дигарон монанд не, шилқин ҳам нест. ҳамроҳи модари бемораш дар як деҳаи атрофи шаҳр зиндагӣ мекунад, ду гов доранд, барои ҳамонҳо нони қоқ металабаду аз ҳисоби фурўхтани ширу чакка зиндагияшонро пеш мебаранд. Як сол боз мешиносамаш, ширу чаккаро бисёр вақт аз ҳаминҳо мегирем, занг мезанам, меорад.
Соҳиб баъд аз ҳамон рўз хўру хобро гум кард ва мунтазир буд, ки кай боз соҳиби он чашмони нилиро мебинад ва баъди як ҳафта духтарак бо хоҳиши хидматгорзан ба хонаашон чакка овард…

Олиҳаи ҳусн
Соҳиб ба мошинаш нишаста, аз қафои Шамима шуд ва дар истгоҳи наздикии хонаашон ўро ба нишастан даъват кард, аммо духтар саркашӣ кард. Соҳиб аз мошин фаромада гуфт:
-қасам ба номи Худо, ман нияти баде надорам, фақат мехоњам ба ту ошно шавам.
-Бо ман?! -Талх хандид Шамима,- ман куҷову ту куҷо?!
Соҳиб бо зориву илтимос оқибат духтарро ризо кард, ки ба мошинаш нишинад. Шамима бо як бепарвоӣ ба Соҳиб нигариста гуфт:
-Ман Шамима, духтараки камбағал, ҳамроҳи модари беморам дар деҳаи наздик ба шаҳр зиндагӣ мекунам. Як апа дорам, дар ҳамсоягиамон шавҳар кардааст, шавҳараш мудом дар муҳоҷирати меҳнатист, онҳо низ камбағаланд. Ман бо фурўши шир зиндагии худаму модарамро пеш мебарам, ба ҳамин хотир, аз чанд хонавода, ки соҳибонашонро мешиносам, барои говҳоямон нони хушк меғундорам. Росташро гўям, нонҳо хўрданбобашро худамон мехўрем… Шуд, ана шиносоӣ, акнун маро фарор, то дар автобус нишаста, то хонаамон равам. Агар гумон дорӣ, ки ман ба хотири пул номусамро мефурўшам, ғалат мекунӣ….
Соҳиб дид, ки духтар на танҳо олиҳаи ҳусн аст, балки ақлу заковат ҳам дораду мисли қатраи шабнам пок аст ва пеш аз он ки ўро дар истгоҳи навбатӣ фарорад гуфт:
-Шамимаҷон, ман нияти баде надорам, агар ба ман бовар кунӣ, дўст мешавем,- Шамима чашмони обияшро ба рўйи ў дўхта гуфт, ки “ман ба ҷавонмардон дўст намешавам”, вале…

Аз дўстӣ то ишқ
Соҳиб рақамҳои телефони Шамимаро гирифт ва онҳо дўст шуданд, ин дўстӣ оҳиста-оҳиста ба ишқи бузурге табдил ёфт. Соҳиб аз рўзи аввали ба Шамима вохўрдан ошиқ шуда буд, аммо духтарак ҳам оҳиста-оҳиста ба бойбачаи меҳрубон дил баст. Соҳњиб дар курси охир мехонд ва охирҳои тобистон боз азми сафар баст ба Маскав, бо Шамима хайрухуш кард ва ба нею нестонаш нигоҳ накарда, барояш телефони дастии қимматбаҳое харида дод, чунки мехост бо ў дар тамос бошад. ҷавонмард бо падараш мисли ҷўраҳои хуб буданд ва пеш аз рафтанаш хонаро хилват карда, ба ў гуфт:
-Дадаҷон, шумо ҳар сол хайри зиёде мекунед, медонам. Аз шумо хоҳиш, имсол тамоми хайратонро ба хонаводаи духтараке кунед, ки аз деҳа бароямон ширу ҷурғот меорад. Модару падараш аз хонаи бачаҳо будаанд, дар як садамаи наҳлиётӣ модараш маъюб мешаваду падараш мемирад, авҳолашон хеле бад аст. Шамима бисёр духтари зебо аст, дар ба дар нони қоқ талабиданаш оқибати хуб надорад. Илтимос, дадаҷон…

Шерзод Амин ба писараш ваъда дод, ки рўзҳои наздик сари ин масъала меояд ва Соҳиб бо дили пур сафар кард. Мард ба ваъдааш вафо кард ва як рўз ҳамроҳи ду рафиқаш ба хонаи Шамимаино рафтанд. Рўйи ҳавличаи озодаи сердолу дарахт Шамима дар мошинаи дастии кўҳна чизе медӯхту модари бемораш наздаш рўйи бистар хоб буд. Онҳо аз омадани мењмонони воломақом дар ҳайрат афтоданд, Шерзод Амин худашро шинос карда гуфт, ки мехоҳад ба онҳо кўмак кунад. Дар муддати се моҳи тирамоҳ барои онҳо се хонаи айвондондори дорои тамоми шароит сохта доданд. ҳамсояашон Акмали милиса, ки бо падари Шамима дўстӣ дошту ягона соҳибдараки ин оила ба ҳисоб мераф,т ба ин марди сахӣ миннатдорӣ баён кард. Шерзод Амин ваъда дод, ки хўроки гову гӯсолаҳоро низ таъмин мекунаду Шамима дигар нони қоқпўрсӣ наравад. Аз ин сухани мард, модари бемори Шамима гирён шуду гуфт, ҳамеша аз ин кораш ғам мехўрдам…
Духтари моҳир
Шамима акнун фақат дўзандагӣ мекарду пули хуб меёфт, аз ҳисоби кўртадўзияш барои худаш мошинаи замонавӣ харид. Ў ҳар шаб то дер бо Соҳиб гап мезаду дар бораи як марди саховатманд, ки барояшон хона сохта дод, бо шавқ ҳарф мезад, Соҳиб дар дилаш ба падараш ҳазорон бор раҳмат мегуфт. Шамима то синфи нўҳ хонда буд, ҳамсинфонаш дар синфи ёздаҳ мехонданд, Акмал-милиса мехост ўро барои писари калонияш келин кунад, аммо духтарак розӣ набуд,зеро қаноатро мисли бародараш медонист…
Соњиб донишгоњро хатм карда, ба хонаашон баргашт, волидонаш хурсанд буданд, ки акнун писарашон ќаноташон мешавад ва Зайнурахон барои писари зебояш келинкобї баромад. Соњиб ин таку дави модарашро дида, ба ў гуфт, ки дўстдошта дорад. Модараш бо навозиш ўро ба баѓал кашида пурсид, ки дўстдоштааш кист ва чун фањмид, ки гадодухтари нони ќоќ металбидагї арўси писараш аст, талхакаф шуд. Зан аввал бо чашмони аз косахонаи сараш баромада ба писараш нигоњ карду сипас баланд хандид, бад њавлиро ба сараш бардошт. Се моњ љангу љанљол карданд, Шерзод Амин розї буд ба интихоби писараш ва оќибат Соњиб гуфт:
-Очаљон агар розї намешавед, ман Шамима ва модарашро њамроњам ба Маскав мебарам ва њамон љо зиндагї мекунем.
Бечора Шамима зор-зор мегирист, ки аз рӯйи ман бо волидонат љанг накун…
Оќибат ишќи пок ѓалаба карду Шамима келини хонадони волидони Соњиб шуд. Зайнурахон як соли аввал на келинашро чашми дидан дошту на ќудои беморашро, ки њамроњи духтараш ба хонаи онњо омада буд. Вале баъди тавлиди наберањои дугоникаш Шаҳло ва Шифо дунё дар назараш дигар шуд. Соҳиб хушдоманашро ба Германия барои ҷарроҳӣ бурд, акнун ў роҳ мегардад. Шамима баъди таваллуди Шамсу қамар, бо ёрии хушдоману модараш аввал коллеҷи тиббӣ ва баъд Донишгоҳи тиббиро хатм намуд…
Аҷаб афсонаҳое дорад зиндагӣ, баъзан бовари кас намеояд, аммо ҳастанд….
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД