sebiston july new
Голубси бо ҷуворимакка
1313

 

Маҳсулоти лозима:

Равғани растанӣ

Гӯшти гов

Гӯшти қимма (фарш)

Пиёз - 2 дона

Картошка - 6 дона

Булғорӣ - 10 дона

Ҷуворимакка - 4 дона

Помидор - 2 дона

Намак - мувофиқи табъ

Сирпиёз - 1 дона

Тарзи таҳия:

Деги хӯрокпазиро дар болои оташи паст гузоред ва равғани растанӣ резед, то каме гарм шавад, сипас гӯштро реза карда, ба он андозед. Каме бирён шавад, пасон пиёзро реза карда, илова кунед. Пас аз он картошка, қаланфури булғорӣ, помидор, ҷуворимакка, сирпиёз, намак ва мурч андохта, сарпӯши дегро пӯшонед ва монед камтар ҷӯшад.

Дар ин миён қиммаро тайёр кунед ва ба даруни булғорӣ пур карда, ба дег андозед, баъд баргҳои карамро ба болои маҳсулот гузошта, 1 коса об резед ва дар оташи паст 1-2 соат ҷӯшонед, то ки хӯрок бо бӯғ пазад.

Дар зарфи 1 соат хӯрок омода мешавад. Онро ба косаҳо бардошта, бо кабудӣ ва чакка истеъмол кунед.

Иштиҳои таом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД