35 years of independency
Модарам келини «ситора» намехоҳад… (Қисми 2)
136

 Ман ёри «ситора»-амро ба Ватан гусел карда, худи ҳамон рӯз ба модарам занг задам ва гуфтам, ки аз пайи келинкобӣ нашавад, худам ба зеботарин духтари Тоҷикистон вохӯрдаму бо ӯ хонадор мешавам. Боварӣ доштам, ки дӯстдоштаам ба модарам писанд меояд, аз ин рӯ, номашро нагуфтам, вале...

Таъриф намекунам, ман худам ҳам ҷавони қоматбаланди абрӯсиёҳ ва орӣ аз одатҳои бад ҳастам, дар кадом маҳфиле нишинем, аз таваҷҷуҳи духтарон дур нестам. Ҳаргиз дили духтареро нашикаста, ӯро беҳуда умедвор накардаам, шаҳди ошиқиро низ бори аввал мечашидам. Ишқи ҳақиқӣ дар ҳаёти ман бори аввал падид омад.

 

Исёни модар

Мо ҳамеша бо маҳбубаам дар тамос будем, ман ҳатто бо модараш низ гап мезадам, ӯ зани меҳрубону дурандеше буд. Чор моҳи ҳиҷрон сипарӣ гашту ман ба Ватан баргаштам. Ростӣ, ба аҳли хонавода аз омаданам нагуфтам. Маро аз фурудгоҳ дӯстдоштаам пешвоз гирифт, бо гулдаставу шириниву худаш бо айнакҳои сиёҳ ва ниқоб. Чун ба мошинаш нишастем, ӯ кепкаву айнаку ниқобашро гирифт ва бо ханда гуфт:

- Дар Амрико як ту маро мешинохтӣ, ин ҷо ҳозир сабтамон мекарданду пагоҳ тамоми шабакаҳои интернетӣ пур аз мо мешуд.

Мо шабона Душанберо чарх задем ва ӯ маро рост ба хонаашон бурд.

- Модарам гӯштбирён пухта, интизори туст.

Сари дастархони пурнозу неъмат ҳамроҳи модару додараш нишастем. Падараш аз олам гузашта будааст. Хеле суҳбат кардем, ман туҳфаҳои овардаамро ба онҳо супоридаму баъд додараш маро то назди хонаамон оварда монд. Падару модарам ҳайрон аз сюрпризи ман, вале хурсанду масрур пешвозам гирифтанд. Ду рӯз баъд ба модарам гуфтам, ки мехоҳам шуморо бо духтари дӯстдоштаам шинос кунам. Янгаам дастархони зебое оросту ҳамакаса сари он ҷамъ омадем. Чун ёри «ситора»-и ман бо ҳадяҳои зиёд сари чанбараки мошин вориди ҳавлӣ шуд, модарам абрӯвонашро ба ҳам кашид. Ҳарчанд хотири ман худашро ба зӯр нигоҳ дошт, вале пас аз рафтани ӯ исёне кард ногуфтанӣ…

- Ман ба чашми мардум чӣ гуна нигоҳ мекунам? Бачааш ҳофизара гирифтааст, мегӯянд! Ё ман, ё лӯхтакат!!!

Зориву фаҳмондадиҳиҳои ман ба қалби сангини ӯ асаре надоранд, маҳбубаам ҳам пай бурд, ки модарам розӣ нест. Ӯ дар ҳар вохӯрӣ мегӯяд:

- Беҳзодҷон, ҳеҷ гапе не, барои ман шуда модаратро хафа накун, он касро фаҳмидан мумкин. Ҷомеаи мо чунин аст!

Ман сир бой намедиҳам, аммо наметавонам барои ҷаҳонбинии танги модарам шуда, аз баҳри ишқам гузарам. Ман ғайри хоҳиши модарам ҳам бошад, ба «ситора»-ам хонадор мешавам, шояд баъд маро мефаҳмад.

Ё шумо андешаи дигар доред, хонандагони азиз?

 Бо эҳтиром, Беҳзод

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД