toyota motors
Гулнора ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир шудааст
04.05.2026
Oila.tj
150

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ шаҳрванд Иматшоева Гулнора, сокини 58-солаи шаҳри Душанберо ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ ва амалҳои марбут ба сеҳру ҷоду дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда муддати тӯлонӣ ин амали хурофотиро пешаи худ намуда, бо ин роҳ аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ ба даст меовардааст. Ӯ бо истифода аз ҳазориспанд, собун, шамъ, об ва дигар ашёҳо ба шаҳрвандон “фол” дида, гӯё ба беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ, касбу кор ва тақдири онҳо таъсир мерасонад, бо ин роҳ шаҳрвандони зиёдеро фиреб додааст.

Нисбати Иматшоева Г. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД