1xbet
Имсол кишоварзони Тоҷикистон беш аз 432 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд
149

Тибқи нақша, имсол кишоварзони мамлакат 432 ҳазору 650 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Тибқи дурнамо, имсол бояд дар 186 ҳазору 883 гектар пунбадона кишт мешуд. Аммо кишоварзони мамлакат дар 174 ҳазору 882 гектар пунбадона кишт намуданд, ки нақша пурра иҷро нагардид.

Имрӯзҳо дар саҳро ҳосил фаровон буда, айни замон кишоварзон ба ҷамъоварии он машғул мебошанд.

Арзиши аслии пахта сол то сол дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Агар аз як гектар 30 сентнер гандум ва ё пахта рӯёнида, ҳарду маҳсулотро то зинаи охир коркард намоем, дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба гандум то 25 маротиба зиёд мешавад. Аз ҷумла, таркиби чигиташ беҳтарин ашёи хоми саноати хӯрокворию дорусозӣ, ғӯзапояаш муҳимтарин ашёи хоми саноатӣ (коғаз, картон, мебел) буда, боқимондааш ғизои чорво аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД